Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МУАССИСАХОИ БЕРУН АЗ МАКТАБ

МУАССИСАХОИ БЕРУН АЗ МАКТАБ

МУАССИСАХОИ БЕРУН АЗ МАКТАБ дар СССР, муассисахои давлати, чамъияти ва дастурию методи оид ба корхои берун аз мактаби бачагону наврасон буда, бо мактаб ва ташкилотхои пионерию комсомоли алокамандона кор мебаранд, масъалахои тарбияи коммунистии насли наврасро якчоя чори менамоянд. Муассисахо ду навъанд: навъи умуми ва, махсус. Муассисахои навъи умуми бо бачагону наврасон аз руи сохахои гуногуни илму техника, маданият, спорт ва туризм дар каср ва хонахои пионерону мактаббачагон, клубхо, богхои бачагон ва г. кор мебарад. Ба Муассисахои махсус стансияхoи техникхои чавон, стансияхои табиатшиносоии чавон, мактабхои спортии бачагону чавонон, лагерхои пионери ва г. дохиланд. Ба Муассисахо китобхонахо, театрхо ва кинотеатрхои бачагона низ дохил мешаванд.

Муассисахо дар ихтиёри вазоратхои маориф, маданият, роххои охан, флотхои дарьёиву бахри, инчунин иттифокхои касаба, комитетхои физкультураю спорт ва г. буда, тахти рохбарии онхо ва комитетхои комсомол кор мекунанд.

Муассисахо тамоми сол амал карда, бо корхои зерин машгул мешаванд; ташкили оммави—слётхо, идхо, лекторияхо, конкурсхо ва г.; дастури методи — бо пионерону комсомолони фаъол, сарвожатии пионерон ва вожатии отрядхо, педагогхо, бо рохбарони кружокхою клубхои гуногун ва дигар натичахои бехтарини кори беруназмактабии бачагонро чамъбаст ва пахн менамоянд; таълими — кружокхои гуногун, клубхо, чамъиятхо, ансамблхои раксу суруд ва г. Корхои берун аз мактаб хархелаанд; чамъияти-сиёси — отрядхои пайшиносони сурх, музейхои кишваршиноси, шарафи чанги ва мехнати, таърихи ташкилотхои комсомоли ва пионери ва г.; корхои фоиданоки чамъияти— ёри ба сохтмонхо, колхозхо ва совхозхо. бригадахои истехсолии хонандагон ва г.; тарбияи чисмони в а спорт — клубхои спорти ва туристи, спартакиадахо, бозихои хари-спорти, мусобикахо барои мукофоти г. «Пионерская правда»; бадеи-эчоди — изостудия, ансамблхо ва коллективхои хореографи, театрхои лухтак, олимпиадахо ва г.

Кор дар Муассисахо дар асоси программахои намунавие, ки вазорати маориф тасдик кардааст, бурда мешавад.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …