Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «МУАЙЙД-УЛ-ФУЗАЛО»

«МУАЙЙД-УЛ-ФУЗАЛО»

«МУАЙЙД-УЛ-ФУЗАЛО» фарханги тафсирии форси-точики, таълифи Мухаммад ибни Шайх Лоди Дехлави. Таълифаш соли 1519 дар Хиндустон ба итмом расидааст. Ба кавли муаллиф дар ин фарханг лугати сокинони вилоятхои гуногуни форсизабон, лексикаи мунтахаби асархои бадеи ва илми, калимаву истилохоти аз забони намояндагони сохахои гуногун ва табакахои ичтимои шунидааш дохил шудаанд. Фарханг аз руи тартиби харфи аввал ва охири калимахо сохта шудааст. Калимахое, ки дар аввал як хел харф доранд (мас., «б»), дар кисми алохидае чамъовари шуда «Китоб» ном гирифтаанд. «Китоб» бошад, аз руи тартиби харфхои охири калимахо ба бобхо чудо мешавад. Дар як боб дар навбати худ ба се фасл — араби, форси-точики ва турки таксим мешавад. Мураттиби «Муаййид-ул-фузало» аз фархангхои зиёди пеш аз у таълифёфта истифода намудааст. Номи баъзе фархангхо дар «Муаййид-ул-фузало» кайд гардидааст, ки худи онхо то замони мо нарасидаанд. Аз «Муаййид-ул-фузало» низ фархангнависони баъдина истифода кардаанд. «Муаййид-ул-фузало» соли 1899 дар Койпур (Хиндустон) ба табъ расидааст.

Х. Рауфов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …