Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУАЙИДУДДИНИ НАСАФИ

МУАЙИДУДДИНИ НАСАФИ

nophotoМУАЙИДУДДИНИ НАСАФИ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 12 форс-точик. Аслан аз Насаф буда, дар Самарканд умр ба cap бурдааст. Шоири дарбори Кapoхониён. Яке аз касидахои Муайудиддуни Насафи ба мадхи Пахлавон Чалолуддин ном хоким бахшида шудааст. Бо унвони «Пахлавоннома» достони кахрамоние навиштааст, ки ба хамин шахс бахшида шуда, тасвиру васфи кахрамонихои чангии уро дар бар мегирад. Аз як китъаи шоир маълум мегардад, ки у кашшокона умр ба cap бурдааст. Авфи дар тазкирааш аз осори шоир як касида, ду китъа ва як рубои мисол овардааст. Сузании Самарканди, ки хамасри Муайудиддуни Насафи буд, дар касидахояш аз Муайудиддуни Насафи ва достони у «Пахлавоннома» ёдовари кардааст.

Ад.: Саъдиев С., Сузани ва мухити адабии Самарканди асри XII, Д., 1974;

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …