Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / МОЗАМБИК

МОЗАМБИК

mozambikМОЗАМБИК (Mocambiguo), Республикаи Xалкии Мозамбик, давлат дар Ш. Африка. Дар Шим. бо Танзания, дар Ч Г. бо РАЧ ва Свазиленд, дар Г. бо Мала­ви, Замбия ва Родезияи Чануби хамсархад аст. Дар Ш. бо укёнуси Хинд хам худуд мебошад. Масохаташ 783 хазор км’, ахолиаш зиёда аз 12,13 млн нафар.

Пойтахташ ш. Мапуту (такрибан 755 хазор нафар). Аз чихати маъмури ба 10 округ таксим шудааст.

Сардори давлат ва хукумат — пре­зидент; органи олии давлати ва конунбарор —Мачлиси халки.

Табиат. Кисми гарбии Мозамбикро пахнкух ва пуштакуххо (нуктаи баландтаринашон кухи Бинга — 2436 м), чисми шаркиашро пастии наздисохилии Мозамбик фаро гирифтааст. Иклим дар Шим. субэкватори, дар Ч. пассатик тропики. Харорати миёнаи январ дар пастихо аз 26 С то 30“ С, июль аз 15° С то 20° С. Боришотп солона аз 750 то 1500 мм. Дарьёхои малой: Замбези ва Лимпопо; кулхо: Ньнса ё худ Малави (сохилхои шаркии он дар худуди Мозамбик вокеъ гардидааст) ва Ширва. Сарватхои зеризамини; ангишт, маъданхои урану охан, асбест, фосфорит, тилло, боксит ва г. Наботот: асосан бешахои сирак ва саванна олами хайвонот: фили Афри­кои, оху, шер, бабр, гурхар, бахмут, шагол, кафтор, маймун ва г., хашарот, мор ва паррандагони зиёде до­рад.

Ахоли. Зиёда аз 98% ахолиро халкхои оилаи бантузабон ташкил мекунанд. Дар кисми шим. мамлакат халкхои макау ва ломве, малави, маконде, ваяо, суахили, дар Ч, тсонга, машона, ангони, свази, аз европоиён асосан португалихо зиндаги мекунанд. Кариб 80% ахоли муътакиди дину оинхои махалли буда, ахолии бокимонда мусулмон ва насрониёнанд. Забони расми португалист. Шахрхои калон: Мапуту, Бейра, Колима не.

Очерки таърихи. Кадимтарин сокинони Мозамбик бушменхо ва готтептотхо буданд. Дертар чои онхоро кабилахои банту, ки аз чан. Судан омада буданд, гирифтанд. Онхо асосан бо дехкони ва чорводори машгул бу­данд. Дар асрхои 5—16 давлатхои африкои ташкил шуданд, ки яке аз калонтарини онхо Мономотапа буд. Аввалин касабахои тичоратии арабхо дар ин чо асри 8 ба вучуд омаданд. Экспедицияи Португалии Васко да Гама соли 1498 хангоми сафари худ ба Хиндустон муддате дар Мозамбик таваккуф кард. Дар аввали асри 16 португалихо ба сорили Мозамбик фуромада, ба дарунтари мамлакат харакат карданд. Соли 1505 онхо дар Софала истехком ва 1508 дар Мозамбик калъае сохтанд. Португалихо соли 1629 хокими Мономотапаро мачбур намуданд, ки ба шартномаи асоратовар имзо кунад ва вассали шохи Португалия гардидани худро эътироф намояд. Соли 1781 дар Лоренсу-Маркиш калъае буньёд гар­дид ва он соли 1897 ба маркази маъму­рии мустамлика табдил ёфт. Дар асрхои 17—18 гуломфурушони Пор­тугалия бисёр африкоихоро ба Бра­зилия бурда фурухтанд. То охири асри 19 районхои наздисохили тахти назорати португалихо буд. Португалихо кушиданд, ки районхои дохилии мамлакатро низ тахти назорати худ дароранд. Ин кушиши онхо боиси Чанги дуру дарози байни португалихову давлати африкоии Ватуа (дар аввали асри 19 ташкил шуд) гардид. Баъди Чанги якуми чахони хангоми таксимоти Африкаи Шаркии Герма­ния терр. Чанубтари д. Рувума (ба ном секунчаи Кионга) ба Мозамбик хамрох карда шуд. Ба Мозамбик бештар капи­тали Англия ва баъди Чанги дуюми чахони капитали Америка ва Порту­галия рох ёфт. Соли 1920 студентони африкоии аз Мозамбик ба Лисабон омадаги ташкилоти ватанпарварон — Лигаи Африкои ташкил намуданд. Баъдтар дар Мозамбик Ассоциацияи африкои, Ассо­циацияи мозамбикихо ва дигар ташкилотхо ба вучуд омаданд. Ин ташкилотхо бар зидди мустамликадорон мубориза мебурданд. Соли 1925 коркунони натушёт, докерхо, 1949 коргарону докерхои Лоренсу-Маркиш шуриш бардоштанд. Халкхои Мозамбик бар зидди мустамликадорон муборизаро давом медоданд. 25 сентябри 1964 дар Мозамбик шуриши мусаллах cap шуд. Ба муборизаи озодихохии халк, партияи фронти озодкунии Мозамбик (ФРЕЛИМО, соли 1962 таъсис ёфтааст) сарвари намуд. Дар рафти муборизаи зидди кушунхои Португалия ФРЕЛИМО армияи худро ташкил намуда, соли 1968 дар округи Тете амалиёти харби огоэ кард ва ба мустамликадорон шикаст дод. То аввали соли 197Э ФРЕЛИМО зиёда аз чоряки терр. мамлакат­ро ба даст овард. Дар терр. озодшуда органхои хокимияти халки ташкил ёфтанд ва онхо як катор тадбирхои ичтимоиву иктисоди андешиданд; истехсолоти хочагии кишлок ба рох монда, касалхона, мактабхо ва кадрхои махалли тайёр карда шуданд. Ин хама чорабинихо ба инкишофи минбаъдаи харакати озодихохи мусоидат кард. Дигаргунихое, ки дар Пор­тугалия ба амал омаданд, боиси харчи зудтар хал шудани масъалаи истиклолияти Мозамбик гардиданд. Хукумати муваккатии Португалия, ки баъди сарнагун шудани тартиботи фашистии Томьш-Каэнту (25 апрели 1974) ба сари хокимият омад, амалиёти харбиро дар мулкхои Португалия катъ гардонида, 27 нюль хукуки ба худмуайянкуии ва истиклолият доштаи собик мустамликахои мамлакатро эътироф намуд. 25 июни 1975 истиклолияти мамлакат ва Республикаи Халкии Мозамбик ном гирифтани он эълон карда шуд. Худи хамон руз конституцияи нав эътибор пайдо кард.

29 июни 1975 аввалин хукумати милли ташкил ёфт, ки хамаи аъзоёни он ходимони намоёни ФРЕЛИМО мебошанд. Куввахои иртичоъпарасти дохили ва байналхалки сентябр, октябр ва декабри 1975 ба мукобили хукумати на­ви халки бархостанд, аммо корашон барор нагирифт, ошубхо фуру нишонда шуданд.

Хукумати РХМ дар сиёсати берунаи худ рохи зиддимпериалистиро пеш гирифта, барои тамоман бархам додани манбаи мустамликадори ва иркпарасти дар китъаи Африка, барои инкишофи дусти ва хамкори бо СССР ва дигар мамлакатхои социалис­ти мекушад. РХМ бо СССР (июни 1975) муносибатхои дипломати баркарор кардааст. РХМ аз соли 1975 аъзои ТДМ мебошад.

Хочаги. Мозамбик мамлакати аграрист, то соли 1975 дар иктисодиёти он капитали хоричи, асосан капитали Португа­лия, Республикаи Африкаи Чануби капитали Англия, Франция, ШМА хукмрон буд. Аз соли 1975 сохти иктисодии мамлакат тадричан тагйир ёфт. Дар Мозамбик зимни ва захирахои минерали моликияти умумихалки эълон карда шуд. Вазни киёсии са­ноат дар махсулоти умумии мамлакат кариб 14% мебошад. Такрибан 70% ахолии кобили мехнат дар хочагии кишлок кор мекунад. Кисми зиёди майдони кишт обёри карда мешавад. Барои конеъ гардонидани талаботи махалли чуворимакка, маниок, шоли, чормагзи замини (арахис) банан ва г. парвариш мекунанд: чормагзи кэшью, пахта, чубу тахта, спэаль, чой, копра, найшакар ба хорича фурухта мешавад, ки он 80% экспорти Мозамбикро ташкил мекунад. Ба инкишофи чорводори пашшаи цеце монеъ мешавад. Соли 1979 дар мамлакат (ба хисоби хазор cap) 1282 гов, 402 бузу гусфанд, 57 хук буд. Мохигири низ инкишоф ёфтааст. Аз сарватхои зеризамини тантал, ниобий, бериллий, боксит истехсол мешавад. Сохахои асосии са­ноат: истехсоли махсулоти нефт, коркарди махсулоти хочагии кишлок. Дар Мозамбик ин­чунин заводхои равгани арахис, пахтатозакуни, пиво, фабрикахои тамоку, мебел, фанера, заводхои цемент ва г. кор мекунанд.

Тули рохи охан 3786 км, автомобилгард 39,2 хазор км. Харсангхои марчонии зериоби ва чайрахои кумзор ба кори киштигарди халал мерасонанд. Бандархои асоси: Мапуту ва Бейра. Дар терр. Мозамбик такрибан 300 аэродром ва майдончахои самолётнишии (аксаран харби) вокеъ гардидаанд. Мозамбик аз хорича хуроквори ва нушоки, маснуоти бофандаги, нефт, молхои химияви, металлхои сиёх ва ранга, мошину тачхизот, воситахои наклиёт мехарад. Шарикони асоси дар тичорат: Португалия, Республикаи Африкаи Чануби, Британияи Кабир, Франция, ШМА, Япония. Мозамбик баъди сохиб шу­дан ба истиклолият бо мамлакатхои социалисти, аз он чумла бо СССР алокаи тичорати баркарор намуд.

Маориф. Соли 1975 85% ахолии аз 15- сола калони мамлакат бесавод буд. Мухлати таълим дар мактаби ибтидои барои онхое, ки тахсилро дар мактаби миёна давом медиханд 4 сол ва барои онхое, ки дар оянда тахсилро давом намедиханд 5—6 сол мукаррар шудааст. Барои хамаи кудакони аз 6 то 14-сола таълим хатмист. Мухлати таълим дар мактаби миёна 5 сол аст. Баъди ба даст даровардани истиклолият дар саросари мамлакат ба ташкил кардани курсу мактабхои махви бесаводи огоз намуданд. Дар Мапуту университет хаст (аз соли 1962). Дар Мозамбик мактабхо давлати шуданд. Соли 1976 дар Мапуту Ин-ститути кинои милли таъсис ёфт. Китобхонахо: Китобхонаи миллии Ма­путу (1961), Китобхонаи муниципалии Мапуту, Китобхонаи университет, Музеи Алвару ди Кастру (1911).

Нигахдории тандурусти. Соли 1973 ба хар 1 хазор нафар ахолиаш 28,1 нафар таваллуд ва 7,2 нафар фавт рост омад. Соли 1970 ба хар 1 хазор нафар кудаки навзод 92,5 нафар фавт рост меомад. Дарозии умр ба хисоби миёна 41 сол. Соли 1972 дар мамлакат 588 касалхонаи дорои 11 хазор кат (1,3 кат ба 1 хазор ахоли) мавчуд буд, ки дар онхо 510 духтур (1 духтур ба 16,7 хазор ахоли), 16 духтури дандон, 14 фармацевт, 884 хамшираи тибби ва дигар коркунони сохаи тиб хизмат мекарданд.

Меъмори ва санъати тасвири. Дар Мозамбик ду намуди манаилсози маъмул шудааст. Дар сохилхо хонахои росткунча аз чубу химча сохта шуда, деворхояшон бо лой ловида меша­вад. Боми чунин хонахо дунишеба мебошад. Дар районхои дохили мам­лакат хонахо мудаввари мобайнашон сутундори бомашон конусшакли хаспуш. Дар Мозамбик асосан кандакории чуб ва аз химча бофтани ашёхои гуногун пахн шудааст.

Адабиёт. Адабиёти Мозамбик асосан ба забони португали инкишоф меёбад. Эчодиёти даханакии халкхои мамла­кат ба кадри кофи омухта нашудааст. Дар асри 19 ва аввали асри 20 журна­листика ташаккул ёфт. Журнали хархафтаинаи «Браду африкану» («О Brado Africano»), ки онро соли 1918 бародарон Жуан ва Жозе Албазинхо таъсис намуда буданд, ба забонхои португали ва широнга нашр меша­вад. Ба он рухияи зидди мустамликадори хос аст. Асархои баъзе нависандагони аслан португали бо гояхои мустамликадори (Б. Камашу, Р. Жуниор) ё экзотизм фаро гирифта шудаанд. Адабиёти М баъди ба охир расидани Чанги дуюми чахони пурсамартар инкишоф ёфт; дар он тамоюли реалисти кувват гирифт. Шоирон Ж. Краверинья (таваллуд 1922), Нозмии ди Соза (таваллуд 1927) дар асархои худ Африкаи сарбаланд ва тасдимнашавандаро тасвир карда, сиёсати мустамликадоронро ба зери тозиёнаи танкид мегиранд. Назми Мозамбик душ Сантуша (таваллуд 1929) аз рухияи пуб­лицисти ва чушу хуруши революциони саршор аст. Соли 1952 аввалин асари насрии Мозамбик мачмуаи хикояхои Ж. Диаш (1926—49) «Годидо», соли 1964 мачмуаи Л. Бернарду Онван (таваллуд 1942) «Мо саги нобакорро мекушем» аз чоп баромад, ки дар онхо муаллифон хакикати хаётро хаккони инъикос кардаанд. Шоирон Р. Ногар (таваллуд 1933), С. Виейра (таваллуд 1941) ва дигар дар мавзуъхои мухими хаёти имруза асархо меофаранд. Ба дигар за­бонхои халкхои Мозамбик низ асархо эчод мешаванд.

Матбуот, радио, телевизион. Соли 1976 дар мамлакат 10 номгуи газетаю журнал нашр мешуд. Газетахои асо­си: «Диариу» (ба забони португали) «Нотисиаш», газетаи хукумати, «Нотисиаш да Бейра» ва г. Агентии ахбороти хукумати (аз соли 1976), 9 ра­диостанция, маркази телевиаион (1974) кор мекунанд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …