Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МОТРИДИ

МОТРИДИ

nophoto-manМОТРИДИ Абу мансур Мухаммад ибни Махмуд (соли таваллуд номаълум, Самарканд — вафот 944—45, хамон чо), мутакаллими мазхаби ханифия буда, дар як вакт ва новобаста аз Ашъария худ системаи каломро тахия кардааст. Асархои машхураш «Китоб-ут-тавхид», «Китоб-ул-маколот», «Таъвилот-ул-Куръон» мебошанд. Системаи Мотриди аз системаи каломи Ашъари ба андозае фарк мекунад. Мутакаллимон байни каломи Ашъари ва Мотриди 13 ихтилофро дарёфтаанд, ки аз онхо 6-тоаш маънави ва 7-тоаш лафзи будаанд. Дар масъалаи чабр ва ихтиёр Мотриди бар хилофи Ашъари эътироф мекунад, ки «инсон дар афъол дорои кудрат ва ихтиёр аст ва ин кудрат дар вучуди он афъол омили муассир аст». Бинобар ин инсон метавонад ягон аъмол ё кореро ихтиёран содир намояд. Дар аъмоли поки инсонро худо мададгор аст, вале дар корхои бад аз у дури мечуяд ва ба содир шудани гунох гайри фаъолона рох медихад. Пас, инсон дар назарияи Мотриди масъули аъмоли худ аст. Ленин Мотриди ихтилофи байни ихтиёри инсон ва кудрати офаридгории мутлаки худоро эзох намедихад.

Дар масъалаи антропоморфизм (мушобиха) ва сифатхои худо Мотриди хам ташбех ва хам таътилро рад кард. Чи кадаре ки системаи Ашъари дар байни шофеихо эътироф гардида бошад, системаи Мотриди дар Хуроcoн ва Мовароуннахр, ки дар он чо мазхаби ханифия хукмрон буд, ба хамон андоза эътибор дошт. Бо гузашти айём хар ду системаи калом, ки умуман ба якдигар хеле наздик буданд, дар байни ахли суннат (суннихо) хамчун каломи шаръи писандида шуданд.

Ад.: Петрушевский И. П., Ислам в Иране в VII—XV веках. Л1960;

  1. Нулматов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …