Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «МОТИКОНИ ЙАВЙШТИ ФРИЁН»

«МОТИКОНИ ЙАВЙШТИ ФРИЁН»

«МОТИКОНИ ЙАВЙШТИ ФРИЁН» («Достони Йавишт писари Фриён»), яке aз осори адабиёти пахлавист. Замони таълифаш маълум нест. «Мотикони Йавйшти. Фриён» аз 6 боб иборат буда, дорои 3 хазор калимаи пахлавист. Мазмуни мухтасари «Мотикони Йавйшти. Фриён» чунин аст: «Ахтном чодугаре бо 70 хазор лашкар ба шахри «Фаршангузорон» (номи шартист, ки тарчумааш шахри

«Посухгузорон», «Кушояндагони муаммо» мебошад), хучум оварда, шарт мегузорад, ки агар ахли шахр 6а саволхояш чавоб дода натавонаид, онро зери пои филон хароб ва несту нобуд хохад кард. Навишти Фриён ном марде ба 33 саволи Ахт чавоб медихад ва худ чанд суоле пеши чодугар мегузорад. Ахт ба саволхои Йавишт чавоб дода наметавонад ва ба дасти у кушта мешавад. Сюжети «Мотикони Йавйшти. Фриён» аз манбаи кадимтар — «Обои Яшт»-и Авесто гирифта шудааст. Дар Авесто ин кисса хамаги се банд аст. Йавишти Фриён ба Ардвисура Анабито курбонихо пешкаш карда, аз у хохиш менамояд, ки дар чавоб додан ба 99 (дар «Мотикони Йавйшти. Фриён» 33) саволи сарбастал Ахти чодугар уро ёвар бошад. Ардвисура Анахито ин хохиши уро ба чо меорад. Дар киссаи пахлавии «Мотикони Йавйшти. Фриён» лахзахои вохурии Ахт ва йавишт, саволу чавоби онхо бо чузъиёташ тасвир ёфтааст. Саволхои Ахти чодугар ба масъалахои дини зардушти, илми тиб, хаёти чонварону парандагон. инчунин дигар масъалахои ахлокиву ичтимои бахшида шудаанд. Баъзе саволхо аз чихати шакл чистон ва лугзхои маъмулианд. Мас., пурсиши зерин хам аз чихати мазмун ва хам шакл чолиби диккат аст: «Он чист, кит дах по, се cap, шаш чашм, шаш гуш, ду дум, се бини, чахор шох, се пушт дорад ва тамоми чахонро зиндаги ва хуриш аз уст?» Чавоб: «Марде, ки бо ду барзагов чуфт меронад». «Мотикони Йавйшти. Фриён» ба адабиёти классикии форс-точик таъсир расондааст; боби чоруми «Марзбоннома» аз бисьёр чихатхо ба он монанд аст. То замони мо якчанд нусхаи ба хати пахлави навишташудаи «Мотикони Йавйшти. Фриён» расида аст, ки мухимтаринашон соли 1266 бо дасти Рустами Мехрпанох китобат шудааст. «Мотикони Йавйшти. Фриён» дар асри 19 аз тарафи шаркшиносони европои ба табъ расида, ба забонхои англиси ва франсави тарчума шудааст.

М. Диловаров.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …