Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «МОТИКОНИ ХАЗОР ДОГИСТОН»

«МОТИКОНИ ХАЗОР ДОГИСТОН»

hazor-dogistoni«МОТИКОНИ ХАЗОР ДОГИСТОН» («Китоби хазорон довари»), мухимтарин ва ягона асари хукукии пахлави, таълифи Фаррухмарди Бахром. «Мотикони хазор Догистон» Конун ва лоихахои хукуки давраи Сосониёнро дар бар мегирад. «Мотикони хазор Догистон» дар ибтидои асри 7, Tакрибан соли 620 навишта шуда бошад хам, бисьёр маълумоти он ба даврахои аввали хукмронии Сосониён ва хатто ба давраи Ашкониён тааллук дорад. Дар натичаитадкикоти як зумра олимони хоричи ва совети (X. Бартоломе, А. Пальяро, Ж. де Менаск, Т. Анклесарна, Н. В. Пигулевская, А. Г. Периханян ва дигарон) бисьёр мушкилоти рамзкушоии «Мотикони хазор Догистон» хал гардида, мундаричаи асосии асар ва баъзе кисмхои он (доир ба масъалахои муносибати оилави, шаклхои акди никох ахволи гуломон дар мамлакат, бахшиш, савганд ва ахду паймон, муносибати карздорону карзхохон, ташкили мурофиа ва додхохи) то андозае тахкик шудаанд. Тадкики бисьёр чихатхои хукукшиносии давраи Сосониён ва шархи дурусти як силсила истилохоти китоби мазкур ба калами X. Бартоломе тааллук дорад. Аз мазмуну мундаричаи «Мотикони хазор Догистон» бармсолд, ки муаллиф (ё мураттиб)-и китоб аз асархои дигари доир ба хукуки инсони бахраманд будааст ва аз онхо (ба кавли Г. А. Периханян аз Авесто ва манбаъхои дигари Эрони Кадим) истифода кардааст. Матни «Мотикони хазор Догистон»-ро Ч. Модаи (1901), Т. Д. Анклесариа (1912) ва С. Булсара (1937)— олимони порси, пайравони дини зардушти дар Хиндустони имруза, ба табъ расонидаанд.

Ад.: Периханян Г. А., Сасаяидский судебник, М., 1968.

В. Бобохонов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …