Маълумоти охирин

МОШ

moshМОШ (Phaseolus aureus), гиёхи яксолаест аз оилаи лубиёихо. Баландиаш 15—50 см; пояи рост ё печанда, барги калон (дарозиаш 20—26 см), гули бунафш, гилофаки сертухм, дони мудаввари сабз дорад. Моххои июнь — сентябр гулу мева мекунад. Мош дар тропика ва суптропика зироати маъмул аст. Дар Осиёи Миёна, аз он чумла дар Точикистон Мошро аз замонхои кадим кишт мекунанд.

Дар Точикистон асосан навъхои махаллии Мошро кишт мекунанд; онхо ба гурухи навъхои майдахои (1000 донааш 30—40 г) дохил мешаванд. Даври нашъи онхо 80—120 руз аст. Аз навъхои селекциони навъи «Точикистон-1» маъмул шу­дааст. Мошро асосан барои донаш мекоранд. Аз он таомхои болаззат (мошоба, кичири, мошпалав, мошбиринч, мошатола) мепазанд. Таоми мошдор сергизо, хуштаъм ва хушмаза аст. Дони Мош 18,7—31,6% сафеда, 0,8—2% равган, 50—56% охару канд дорад. Гилофак (кусак)-и хоми онро чун сабзавот мехуранд. Хошоки Мош хуроки хуби чорвост.

Ад.: Косимов Н. К. ва дигарон, Зироатхои Точикистон, Д., 1975; Флора Тад­жикской ССР, т. 5, Л., 1978.

А. Р. Расулова.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.