Маълумоти охирин

МОСКВА

moskva-daryoМОСКВА, дарьёест дар вилояти Моск­ва ва кисман дар вилояти Смоленски РСФСР, шохоби чапи д. Ока (хавзаи Волга). Аз баландии Москва ибтидо ёфта, дар наздикии ш. Коломна ба д. Ока мерезад. Тулаш 502 км, масохаташ хавзааш 17600 км2. Манбаи оби дарьё: барф, оби чашмахо ва борон. Сарфи солонаи об ба хисоби миёна 109 м3/сон. Ноябр— декабр ях баста, охирхои март — апрел яхаш об меша­вад. Шохобхои калонаш: аз чап — Иночь, Искона, Руза, Истра, Сходня, Яуза; аз рост — Пахра, Северка, Ко­ломенка. Бо максади танзими оби Москва обанборхо (Можайск, Руза, Истра ва г.) ва дарротхо сохта шудаанд. Соли барои бо д. Волга бевосита пайваст намудани Москва Канали ба номи Москва сохта шуд. Ба воситаи ин канал аз обанбори Иваньковой д. Волга соле ба Москва 1,8 км3 об мерезад. Москва поён аз Канали ба номи Москва киштигард аст. Оби Москва барои таъмин намудани ахолии ш. Москва, васеъ истифода мешавад. Дар сохилхои Москва шахрхои Можайск, Звенигород, Мо­сква, Жуковский, Бронницы, Воскресенск, Коломна вокеъ гаштаанд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.