Маълумоти охирин
Главная / Техника / МОШИНСОЗИИ ХОНАГИИ КИШЛОК

МОШИНСОЗИИ ХОНАГИИ КИШЛОК

moshinsoziМОШИНСОЗИИ ХОНАГИИ КИШЛОК сохаи мошинсози, ки бо истехсоли мошинхои хочагии кишлок машгул аст. Тараккии Мошинсозии хочагии кишлок ба механиконии комплексии истехсолоти хочагии кишлок ва баланд бардоштани агротехника мусоидат кард. Махсулоти асосии Мошинсозии хочагии кишлок комбайихои галладарав, картошка, лаблабую силосгундор; галлатозакунанда, мошинхои пахтачин, майдакунандаи ему хошок, боркунакхои универсали, даравкунакхо; прицеп, плуг, дискмола, тухмипошак, картошкашинонак, дорупошак, гардпошак ва г. мебошанд. Калонтарин корхонахои Мошинсозии хочагии кишлоки СССР корхонахои Херсон, Таганрог, Гомель, Красноярск, заводхои комбайнсозии Тула, заводи Мошинсозии хочагии кишлоки «Серпимолот»-и Харьков, «Ростсельмаш», «Цели иоградсельмаш», заводи Мошинсозии хочагии кишлоки Люберецку Рязань, заводи култиваторхои трактории «Красный Аксай»-и Ростов ва г. мебошанд, Соли 1979 дар СССР 115 хазор комбайни галладарав, 7,0 хазор комбайни чуворимаккагундор, 10,6 хазор комбайни лаблабугундор, 10,0 хазор комбайни картошкагундор, 9,1 хазор мошини пахтачини, 102 хазор алафдаравак ва г. истехсол карда шуд. Дар Точикистони тореволюциони дехконон олоти оддитарини хочагии кишлокро ба кор мебурданд. Хочагихои республика факат дар солхои 1928-—29 2410 плуг, 1854 сихмола, 600 тухмипошаки пахта, 15 тухмипошаки галладона, 282 култиватор, 144 каландкунакхо (окучник), 42 мошини галлатозакуни, 7 мошини галладарав ва 621 тачхизоти наклиёт гирифтанд. Комитети революционии республика 16 феврали 1926 оид ба механиконии хочагии кишлок карори махсус кабул кард. Дар районхои гуногуни республика ширкат ва артельхои кооперативию хунарманди ташкил гардиданд, ки тачхизоти хочагии кишлокро истехсол мекарданд. Дар панчсолахои пешазчанги дар хамаи районхои асосии пахта ва галлакори МТС-хо ташкил карда шуданд. Соли 1945 дар Точикистон «Устохонахои таъмири автомобил» барпо карда шуд. Соли 1971 дар асоси устохонахои таъмири автомобил «Точиксельхозтохипка» ташкил гардид, ки холо (аз соли 1976) «Точикгидроагрегат» номида мешавад. Вай барои саноати комбайн гидроавтоматика, системахои гидравликии идоракунии рули, регуляторхои автомати, гидротаксимгаракхо ва г. истехсол мекунад.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …