Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МОШИНИ РЕСМОНРЕСИ

МОШИНИ РЕСМОНРЕСИ

МОШИНИ РЕСМОНРЕСИ, мошинест, ки дар истехсолоти ресмонреси аз пилта ресмон хосил мекунад; дар Мошини ресмонреси процесси коркарди масолхи нахдор анчом меёбад. Мошини ресмонреси вобаста ба намуди наххои истифодашаванда (пахта, лиф, пашм, партовхои абрешим) хар хел мешавад. Мошинхои ресмонресии бефосила ва даври амалкунанда низ мавчуданд. Хосилнокии Мошини ресмонресии бефосилаамалкунанда баланд аст, масохати камро банд мекунад ва сохташ хам мураккаб нест, бинобар ин дар СССР асосан хамин намуди мошинхо истифода мешаванд. Аз онхо Мошини ресмонреси бефосилаамалкунандаи халкадор барои ресидани хамаи хели наххо мошини асоси мебошад. Дар расм схемаи Мошини ресмонреси дутарафаи халкадор (барои пахта) оварда шудааст. Калобаи пилтадори 1 дар рамками 2 гузошта мешавад. Пилта аз калоба кушода шуда, аз милаи 3 тоб соат аз таркиши самтдехи 4 мегузарад. Дар асбоби кашандаи 5 пилтачуй ресмон борик шуда, вакти он баромадан тофта мешавад.

Минбаъд он дар намуди ресмон аз нахгузарони 6 ва аз даваки 7, ки дар халкаи 8 чойгир аст, мегузарад ва ба калобаи 9, ки ба дуки 10 шинонда шудааст, мепечад. Дукхо аз ду тарафи мошин катор чой дода мешаванд. Онхо бо ёрии барабани 11, ба воситаи тасмаи 12, галтаки кашандаи 13 ва гаргарахои дукхо 14 (аз хар тарафи мошин дутоги) бо суръати калон (10—12 хазор гард/дак) чарх мезананд. Ин чархзании дукхо ресмонро бояду шояд тоб медихад. Ресмон дар ин вакт ба найчаи ба дук шинондашуда мепечад ва калобаи 9-ро хосил мекунад. Мошинхои ресмонресии бедук низ мавчуданд. Аз ин навъи мошинхо дар саноат Мошини ресмонресии мневмомеханики бештар маъмул аст. Барои ресидани пашм ва наххои химияви мошинхои ресмонресие сохта шудаанд, ки процесси ресмонтоби хам дар худи онхо мегузарад (ниг. Мошини ресмонтоби).

Ад.: Корнев И. В. н др., Веретена, Центрифуги, прядильные камеры текстильных машин, М., 1976.

Х.Саибов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …