Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МОШИНИ ПАХТАЧИНИ

МОШИНИ ПАХТАЧИНИ

pakhtachiniМОШИНИ ПАХТАЧИНИ, мошинест барои гунучини пахта. Истехсоли сериягии Мошини пахтачини дар СССР солхои

пневматики (аввалин мошини пневматики дар СССР соли 1929 ихтироъ шудааст), механики, пневмомеханики ва электромеханики мешавад.

Циклограммаи барабани кори:

1— минтакаи кори 120; 2 — минтакаи пахтакашони 60; 3—минтакае, ки чуткахо аз шпинделхо пахтаро мекашанд 110°; 4—минтакаи озодгардии шпинделхо 70.

Мошинхои пневматики пахтаро бо ёрии чараёни хаво (онро насоси фишордех хосил мекунад), механики ба воситаи мачмуи механизмхо (шппндел, чангак, кардолентхо ва г.), пневмомеханики бо ёрии чараёни хавою механизмхои ёрирасони механики мечинанд. Дар СССР бештар Мошини пахтачини механикии шпинделдор бароварда мешавад.

Схемаи кори мошини 12 ХВЯ-1,2: 1″ аппарати пахтачини; 2 — пахтакашакхо; 3 — камераи хавогузарон, ки пахтакашакхо пахтаро ба он чо мепартоянд; 4—гулбаи хавобаро барои бордони хурд; 5—гулбаи хавобаро барои бордони калон; 6—вентилятор; 7 — бордони хурд; 8—бордони калон барои пахтаи тухми.

Кисмхои кории Мошини пахтачинии механикии шпинделдор аз шпинделхои устувона ва махрутшакл ё мехвари дандоннадори призмашакли чоркирра иборат аст. Шпинделхои Мошини пахтачини дар гирди мехвари худ давр зада нисбат ба пояи ин холи пахта чой иваз мекунад. Мошини пахтачини вобаста ба чигирии шпинделхо горизонтали ва вертикали мешаванд. Дар СССР асосан Мошини пахтачини шпинделхояшон вертикалиро истохсол мекунанд. Хамаи мошинхои пахтачини ба тракторхои «Универсал», Т-28Х-3, Т-28Х-4, МТЗ-50Х, ХВ-5,4 ва г. шинонда мешаванд. Дар РСС Точикистон бештар Мошини пахтачинии 14ХВ-2,4А, ХН-3,6, 12ХВЯ-1.2 ва ХВН-1,2А-ро истифода мебаранд. Аксарияти ин мошинхо аз руи сохт ба хам монанд буда, дорои аппаратхои пахтачини, кабинаи ронанда, системаи хавокаш, системаи обшуи шпинделхо, системаи гидравлики ва харакатгузаронхои ба рамаи мошин васлшуда мебошанд. Мошини пахтачини дар заминхои тахту хамвори дарозиашон аз 500 м зиёд нагз кор мекунад. Пеш аз чиниши мошинии пахта 70—100% барги гузаро мерезонанд (ниг. Баргрезони). Баъди шукуфтани 50—60%-и курак ба пахтачини cap мекунанд (чиниши якум). Аппаратхои хосилгундории Мошини пахтачини аз барабан иборат буда, хар кадоме дорои 10—15 шпинделхоянд. Дар РСС Точикистон асосан барои чамъоварии мошиини пахтаи махиннах ва тухми аз Мошини пахтачинии дукатораи ХВН-1, 2А (ниг. расм) истифода мебаранд.

Мошини пахтачинии мазкур ба хама устувор карда шудааст. Пахтаи чидан Мошини пахтачини ба наклиётхои беканоркашонандаи пахта холи карда мешавад. Бордони Мошини пахтачиниро бо ёрии ду тачхизоти гидравлики холи мекунанд. Сарпуши бордон даричае дорад, ка агар зарур шавад ба даруни он даромада, тарами пахтаро зер кардан ё бордонро аз ифлосихо тоза кардан мумкин аст. Дар сарпуши бордон, барои аз як кисм хасу хасрезахо тоза кардани пахтаи чидашуда сепаратор низ шинонида шудааст. Аппарати пахтачинии Мошини пахтачинии ХВН-1,2А аз блокхои шпинделии вертикалии 2-катораи фронтали иборат аст. Хар як аппарати пахтачини 4 (2-то дар тарафи рост ва 2-то дар чап) барабани шпиндели, 4 чудогараки чуткадор, 1949 (1—2-катора), 1964 (4-катора) ва 1974 (6-катора) cap шуд. Мошини пахтачини вобаста ба тарзу кори механизмхо ду камераи кабул, редуктор ва харакатдехи барабанхою чудогаракхо дорад. Хангоми дар байни каторхои гуза харакат кардани Мошини пахтачини нихолростгаракхо шоххои хобидаро рост намуда, ба таркиши кории байни барабанхо равона мекунанд. Даврзании барабанхо ба чор минтака таксим мешавад. Дар минтакаи кори шпинделхо бо дандонахои худ пахтаро аз гуза то 03—95% (чуфти 1-ум

80—85% ва чуфти 2-юм 10—13%) чида мегиранд ва дар минтакаи дуюм онро бо чуткахои пахтакаш бурда мерасонад. Дар минтакаи сеюм чуткахо пахтаро аз шпинделхо чудо карда ба камераи кабул мефиристонанд. Минтакаи чорум озодгардии шпинделхо мебошад, ки чамъи ин минтакахоро циклограммаи барабани кори меноманд.

Пахта аз камераи кабул бо фишори вентилиторхо ба бордон рафта мерезад (пахта пеш аз ба бордон рехтан аз пахтатозакунакхо гузашта, кисман тона мешавад). Дар РСС Точикистон бештар аз 30%-и пахтазор барои тухми киштшуда, хосили он дасти чида мешавад. Хангоми бо мошин чидани пахта аз таъсири вентиляторхо 1,5—2 ва дар камераи кабул 0,3% пунбадонахо шикаста, сифати тухми паст мешавад. Бо максади безарар ва хушсифат чидани пахтаи тухми Институти механики ва электриконии Осиёи Миёна Мошини пахтачинии нав 12ХВЯ-1,2-ро ихтироъ кард.

Дар мошини номбурда барои нашикастани чигити тухми системаи махсус истифода шудааст, ки ба воситаи он пахтаи чидашуда берун аз вентиляторхо ба бордонхо дохил мешавад. Гaйp аз он камераи пахтакабулкунии он аз ду кисм иборат буда, ба кабати поён пахтаи тухми ва ба кабати боло пахтаи истехсолиро чамъ мекунад. Сифати пахтаи тухмии бо Мошинаи пахтачини чидашуда аз пахтаи дасти чидашуда фарк намекунад. Дарозии мошин якчоя бо трактор 0150 мм, бараш 2970 мм ва баландиаш 3800 мм. Дар чиниши якум бо суръати соате 3,86 км ва дар чиниши дуюм 5,2 км кор мекунад. Махсулнокии Мошинаи пахтачини бо суръатноки, пахноии коркард, фоизи пахтахои шукуфта ва г. вобаста буда, бо хисоби миёна чиниши якум ба 0,46—0,50 ва чиниши дуюм ба 0,7 км/с баробар аст. Мошинаи пахтачиниро механикронанда идора мекунад.

Ад.: Роххои баланд бардоштани махсулнокии Moшинхои пахтачини. Д., 1971; Дуруст истифода бурдани мошинхои нави пахтачини, Д., 1975; Навесная четырехрядная хлопкоуборочная машина ХН-3.6. Руководство по эксплуатации. М.. 1972.

А. Сабиров.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …