Маълумоти охирин
Главная / Техника / МОШИНИ ДУЗАНДАГИ

МОШИНИ ДУЗАНДАГИ

moshini-duzandagiМОШИНИ ДУЗАНДАГИ, мошинест барои ба хам пайвастан ё оро додани чузъхои махсулоти дузандаги. Мошини даравро дар саноати дузандаги, трикотаж, пойафзол, чарчинвори ва г., инчунин дар рузгор истифода ме­баранд. Конструкцияи Мошини дарав вобаста ба таъиноташ гуногун меша­вад. Мошини дарав нимаи дуюми асри 18 ихтироъ шудааст. Мошинхои дузандагии хозира аз руи вазифа мошинхои лагандакунанда, кукзананда, кукашон ноаён, тугмаашон, инчунин универ­сали ва махсус мешаванд. Вобаста ба намуди гирехи ресмон дар лаганда ду гурухи Мошини дарав мавчуданд: мошинхое, ки дар бахия бо брии моку кук мекунанд ва мошинхое, ки кукашон дар бахия занчиршакл аст (куки онхо бе ёрии моку хосил ме­шавад). Аз мошинхои дузандагии универсали Мошини дарави лагандакунандаи кукаш мокугии яксузана маълум аст, ки элементхои асосии онро ме­ханизмхои сузан, ресмонкашак, мо­ку ва харакатдихандаи матоъ (ма тоъкашак) ташкил мекунанд. Механизми сузан рафтуомади сузан (ки ба сурохи он ресмон гузаронда шудааст) ва ба он сурох шудани матоъ, аз кабати матоъ гузаштани ресмони боло ва дар назди сурохи сузан хосил шудани гирехро таъмин мекунад. Бо ёрии механизми моку трех ба гушаки моку илхок мешавад ва дар атрофи найчадорак мепечад. Механизми ресмонкашак аз галтак ва аз найча ресмонро кашида меистад ва кукро мебандад. Механизми харакатдихандаи матоъ бошад, матоъро ба кади як кук пеш мебарад. Сипас, хамин процесс такрор меёбад. Харакати хамаи ин механизмхо тавассути наварди асоси, ки бо ёрии харакатовари электри ё механики чарх мезанад, ба амал оварда мешавад. Сохт, шакл, андозахо, суръати кори ва дигар хусусиятхои Мошини дузандаги бо таъинот, андозахои маснуот, хусусияту гафсии масолех ва г. муайян карда мешавад.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …