Маълумоти охирин
Главная / Техника / МОШИНИ БУГИ

МОШИНИ БУГИ

moshini-bugiМОШИНИ БУГИ, мухаррики хароратии поршениест, ки энергияи потенциалии буги обро ба кори меха­ники табдил медихад. Буги ба цилиндри Мошини буги дохилшуда васеъ ме­шавад ва поршенро тела медихад. Харакати пешраванда-баргардандаи поршень тавассути механизми кривошипи ба харакати чархзанандаи навард табил меёбад (расм). Барои камтар талаф шудани гарми цилиндрхои Мошини буги бо бугкурта ихота карда мешаванд. Даромаду баромадн бугро системаи бугтаксимкунак идора мекунад. Мошини бугиро дар Россия И. И. Ползунов (1763—65), дар Англия Ч. Уагг (1774—84) ихтироъ кардаанд. Мошини буги баробари буньёди Мошини бугии стационари (барои заводу фабрикахо ва стансияхои электри), Мошини бугии паровоз (барои наклиёти рохи охан), Мошини бугии кишти (барои киштихои тичорат ва харби), локомобилхо (барои эхтиёчоти хочагии кишлок ва саноати махалли) инкишоф ёфт. Мошини буги то охири асри 19 ягона мухаррики универсали буд ва барои тараккиёти саноату наклиёт дар чахон хизмати калон кард. Аммо аз ибтидои асри 20 турбинахои буги ва мухароикхои да­рунсуз тадричан чои Мошини бугиро гириф­танд. Бо сабаби он, ки Мошини буги к. а. м.-и хурд (аз 1 то 20%), суръати на­ми гашт (то 1000 гард/дак) ва иктидори агрегатии хурд (то 30000 д. а.), инчунин масса ва андозахои азим доштанд, дар солхои 50 асри 20 истехсоли онхо катъ ёфт. Алхол Мошини буги факат дар паровозхо, локомобилхо ва баъзе пароходхои кухи а истифода мешавад.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …