Маълумоти охирин

«МОСФИЛЬМ»

mosfilm«МОСФИЛЬМ», калонтарин киностудияи фильмхои бадеии Иттифоки Совети, яке аз бузургтарин киностудияхои чахон. Соли 1921 таъсис ёфта, солхои 1929 — 30 номи «Союзкино»-ро гирифт, аз соли 1935 — «Мосфилм». Машхуртарин фильмхои истехсоли «Мосфилм»: «Шоми Петербург» (1934), «Мо аз Кронштадт» (1936), «Шаби охирин» (1937), «Ленин дар Октябрь» (1937), «Александр Невский» (1938), «Ленин дар соли 1918» (1939), «Суворов» (1941), «Котиби райком» (1942), «Кутузов» (1944), «Истило» (1945), «Адмирал Нахимов» (1947), «Достони марди хакики» (1948), «Мичурин» (1949), «Чилу якум» (1956), «Парвози турнахо» (1957), «Коммунист» (1958), «Кисматп одам» (1960; лауреати Мукофоти ленини), «Бачагии Иван» (1962), «Фочиаи оптимисти» (1963), «Зиндахо ва мурдахо» (1964), «Раис» (1965), «Ленин дар Польша» (1966), «Чанг ва сулх» (1966—67), «Шашуми июль» (1968), «Бародарон Карамазовхо» (1969), «Фирор» (1970), «Озодшави» (1970— 71; лауреати Мукофоти ленини), «Ромкунии оташ» (1972), «Ох, чи сухани ширинест-озоди» (1973), «Будоги сурх» (1974), «Оилаи Ивановхо» (1975), «Сарбози Ватан» (1975), «Вориси ношинос» (1976), «Бепарвофалак» (1976), «Сад руз баъди бачаги»

(1977), «Акидаи шахси» (1977), «Зани ачиб» (1978), «Емельян Пугачёв» (1979)           ва г. Кариб 40 фильми «Мосфилм» сазовори лауреати Мукофотхои давлатии СССР ва РСФСР, зиёда аз 100 фильми он сохиби мукофоти кинофестивалхои байналхалки ва умумииттифоки гаштаанд. Дар назди «Мосфилм» 6 иттиходияи эчоди кор мекунад. Иктидори фильмистехсолкунии «Мосфилм»

дар як сол 40-то аст. Аз соли 1945 дар назди «Мосфилм» Театр-студияи киноактёр вучуд дорад. Бехтарин фильмхои «Мосфилм» «Фочиаи оптимисти», «Зиндахо ва мурдахо», «Раис», «Ленин дар Польша», «Шашуми июль», «Сарбози Ватан» ва г. ба забони точики дубляж гардидааст.

«Мосфилм» дар ривочу равнаки санъати кинои точик сахми калон дорад. Равобити эчоди ва истехсолии байни «Мосфилм» ва «Точикфильм» хануз дар солхои 30 ба вукуъ омадаанд. Фильмхои беовози «Худои зинда» (1935) ва овоздори «Бог» (1939), «Дустон нав вомехуранд» (1939) бо мададу иштироки кормандони эчодии «Мосфилм»— режиссёрон М. Вернер, Д. Васильев, рассомон В. Каплуновский, П. Галачев, актёрон М. Штраух, А. Чаргонин ва дигарон офарида шудаанд. Ин робита дар солхои 50 ва 60 махсусан вусъат гирифт. Эчодкорони бомахорати «Мосфилм» — операторхо Н. Олоновский, Н. Ардашников, В. Юсов, рассомон И. Шпинель, К. Ефимов, Е. Куманьков, дигар мутахассисони эчодиву техники дар чараёни офаридани фильмхои точикии «Кисмати шоир» (1959), «Лайли ва Мачнун» (1960), «Байраки охангар» (1961), «То фардо» (1964) ва г. фаъолона иштирок доштанд. Чанде аз режиссёрони маъруфи «Мосфилм»— Вл. Мотыль ва Д. Храбровицкий фильмхои нахустини худро дар студияи «Точикфильм» тахия намудаанд (В. Мотыль — «Бачагони Помир», 1963, Д. Храбровицкий — «Нидои авлод», 1965). Дар муддати мавчудияти «Точикфильм» «Мосфилм» барои фильмофарандагони точик хамчун базаи истехсолию технологи хизмат намудааст. Зинахои мухими чараёни технологи ва истехсоли фильмхои точики, ба мисли сабти овоз, мусики, монтаж, коркарди позитиви ранга, дубляж ба руси ва г. дар павильону цеххои «Мосфилм» ба ичро мерасанд. «Мосфилм» бо ордени Ленин (1939) ва ордени Революцияи Октябрь (1974) мукофетонида шудааст.

А. Ахроров.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …