Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МОРОЗОВ Николай Александрович

МОРОЗОВ Николай Александрович

morozov-nikolayМОРОЗОВ Николай Александрович (7. 7. 1854, Борок, хозира райони Некоузски вилояти Ярославль — 30. 7. 1946, хамон чо), ходими революциони ва чамъиятии рус, олим, нависанда. Аъзои фахрии АФ СССР (1952).

Фаъолияти революциониаш аз солхои 70 асри 19 cap шуд. Соли 1874 дар Женева мухаррири ж. «Работник» буд. Соли 1875 ба секцияи Коммунаи Парижи Интернационали 1-ум дохил гардид. Хамон сол хангоми ба Россия баргаштан ба хабс гирифта, дар «мурофиаи 193 нафар» суд шуд. Соли 1878 ба чамъияти «Замин ва озоди» ва 1879 ба Комичроияи «Озодии халк» аъзо гардид. Декабри хамон сол дар Лондон бо К. Маркс шинос шуд. Соли 1881 ба Россия баргашт, дар «мурофиаи 20 нафар» (1882) ба бадаргаи бемухлат хукм шуд. Соли 1905 аз хабс озод гардид. Дар хабсхона ба омухтани илмхои химия, физика, астрономия, математика, таърих машгул гардид. Муаллифи як катор асархо оид ба химия, астрономия, математика, метеорология. Ёддоштхои «Повести хаёти ман»-и у (ч 1—4,1916—18) барои омухтани таърихи халкчиги манбаи мухим аст. Аз соли 1918 то охири хаёташ директори Институти илмии табиатшиносии ба номи Лесгафт буд. Бо ордени Ленин ва ордени Байраки Сурхи Мехнат мукофотонида шудаacт.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …