Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МОРОЗОВ Михаил Владимирович

МОРОЗОВ Михаил Владимирович

morozov-mikhailМОРОЗОВ Михаил Владимирович (1868, ш. Балта —1938, Москва), революционери касби, иштирокчии харакати революционии Туркистон. Аъзои Партияи коммунисти (аз соли 1901). Соли 1888 мактаби реалии Одессаро хатм намуда, дар харакати революционии Петербург иштирок кард. Барои фаъолияти революциониаш аввал ба Одесса ва баъд ба Сибирь бадарга шуд. Аз соли 1900 дар Саратов, Николаев, Боку корхои революциони бурд. Соли 1904 ба Самарканд омада, дар редакцияи г. «Самарканд» кор кард ва мухаррири он хам шуд. Ташкилоти с.-д. барпо намуд. Соли 1905 ба намоишу митингхои коргарон рохбари кард. Ноябри 1905 дар харакати революционии Тошкент иштирок намуд. Аз январи 1906 мухаррири г. «Русский Туркестан». Баъдтар рохбари гурухи тошкентии РСДРП ва ташкилотхои с.-д.-и Туркистон. Вакили Съезди 4-уми РСДРП. Аз соли 1908 дар Петербург ва аз 1910 дар Франция зиндаги ва тахти рохбарии В. И. Ленин дар секцияи РСДРП кор кард. Августи 1917 ба Петроград баргашта, дар Револютсияи Октябрь иштирок намуд. Баъди революция дар корхои масъули хочаги буд. Солхои 1929—30 раиси Иттифоки революционии драматургон, 1930—32 ноиб-президенти Академияи бадеии умумироссияги, 1932—36 мухаррири журналхои санъат.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …