Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МОРОЗОВ Александр Александрович

МОРОЗОВ Александр Александрович

morozovМОРОЗОВ Александр Александрович (таваллуд 29. 10. 1904, Бежица, вилояти Брянски хозира), конструктори танкхои совети, генерал-майори хизмати техники (1943), доктори илмхои техники (1972), Кахрамони Мехнати Социалисти (1942). Аъзои КПСС аз соли 1943. Соли 1931 техникуми мошинсозиро хатм намуд. Солхои 1931—38 рохбари гурухи бюрои конструктории (БК) завод, 1938 чонишини сардори БК, 1940 саркопструктор. Солхои 1931—39 дар тахияи лоихаи танкхои сабуки БТ-2, БТ-5, БТ-7 ва г. иштирок кард. Якчоя бо М. И. Кошкин ва Н. А. Кучеренко ба сохтани танки миёнаи Т-34 рохбари намуд: Пас аз чанг тахти рохбарии Морозов як катор танкхо ва дигар объектхои техникаи танкхои зирехпуш сохта шуд. Депутати Совети Олии СССР (даъвати 5). Мукофоти давлатии СССР (1942, 1946, 1948), Мукофоти ленини (1967). Бо 2 ордени Ленин, ордени Революцияи Октябрь ва дигар ордену модалхо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …