Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОРОЗЁНКО Николай Константинович

МОРОЗЁНКО Николай Константинович

nophoto-manМОРОЗЁНКО Николай Константинович (1902 — 5. 8. 1967, Ленинград), геологи совети, доктори илмхои геологияю минералогия (1949). Соли 1932 Институти кухкории Ленинградро хатм намуд. У дар давоми 30 сол дар Олтой, Помир ва Точикистони Маркази тадкикот бурдааст. Солхои 1941—45 рохбари экспедицияи чустучуи булури кухи дар Помир буд. Аз соли 1946 ходими илми ва сонитар мудири шуъбаи металлогенияи Институти умумиттифокии тадкикоти илмии геологияи ш. Ленинград, солхои 1962 67 — мудири кафедраи усулхои геохимиявии чустучуи конхои родиоактивии Институти кухкории Ленинград. Мормохи, яке аз аввалин тадкикотчиёни магматизм ва металлогенияи Помир буд. Оид ба геологияи Помир ва Точикистони Маркази як монография, 8 макола ва якчанд хисобот навиштааст. У хусусиятхои чинсхои магмавии Помир ва конхои бо он алокамандро тасвир карда, якумин схемаи нохиябандии металлогении Hoмиро тартиб додааст. Бо ордени «Нишони Фахри», медальхо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Точикистон мукофотонида шудааст.

Ас.: Интрузивные и хрусталеносные жилы Памира. М.— Л., 1949; Магматизм Памира, дар кит.: Геологическое строение СССР, т. 3., М., 1968.

Р. Баротов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …