Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОРИ ОБИ

МОРИ ОБИ

mori-obiМОРИ ОБИ (Natrix), як чинси морро гуянд, ки ба оилаи Colubridae, мансуб аст. Кариб 60 намудаш маълум аст. Бештар дар Нимкураи шарки, Австралия, Африкаи Чануби ва Тропики дар СССР (4 намуд) маскун шудааст. Дар Точикистон як намуди он (N. tessellata; ниг. расм) зиндаги мекунад. Дарозии N. tessellata 80—150 см. Ранги пусташ зарди кабудтоб ё бур буда, холхои сиёхтоб ё хатхои кундаланг дорад. Дар пушти сараш холи сиёхтоб ба шакли харфи лотини V намудор аст. Дар шароити Точикистон Мори оби дар баландии 300—2800 м аз сохили бахр, бештар дар назди обанборхо, тукайхо ва заминхои оби дучор мешавад. Мори оби хуб шино мекунад ва зери об муддати зиёд истода метавонад. Хурокаш мохихои хурди гуногун ва обхокихо мебошанд. Аз моххои март — апрел то октябр— ноябр хеле фаъол мешавад. Дар давраи чуфтшави (март — апрел) даххо Мори оби чамъ мешаванд. Мори оби дар июль — август тухм мегузорад. Дар баъзе чойхо ба мохипарвари ва хочагии мохидори зарар мерасонад. Захр надорад.

Ад.: Чернов С. А., Фауна Таджикской ССР, т. 18, Пресмыкающиеся, Д., 1959.

С. А. Саидалиев.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …