Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОРХУР

МОРХУР

morkhurМОРХУР, бузи кухи, бузи пармашох (Capra (Orthaegoceros) falconeri), хайвони чуфтсуми ва шинест аз чин­си вуз. Дар РСС Точикистон як зернамуди Морхур (С. f. heptneri) маълум аст. Морхур калончусса, дарозиаш 175—190 см ва кадаш 90—115 см, пойхои дарози пуркувват, шохи калону вазнини пармашакл дорад. Вазни Морхури нар 86—109 кг ва модааш 32—41 кг. Морхури нар «риш»-и дароз (то 30 см) до­рад. Зимистон пашмаш дарози зичу махин ва тобистон кутохи нисбатан тунук. Рангаш буртоби малла, буртобн ашхаби ё хокистарранги сафед мешавад. Аз 3-солаги насл медихад. Даври хамлаш 5—5,5 мох. Моххои апрел ё июнь 1—2-то мезояд. Морхур хайвони мавзеъхои кухсор буда, асосан дар баландихои то 2500 м аз сохили бахр гала-гала (аз 10 то 30 cap) дучор мешавад. Хурокаш алаф ва баргу шохчаи буттаю дарахт. Морхур асосан дар Осиёи Миёна, Афгонистон, Эрон ва Хиндустон вомехурад. Дар СССР, аз чумла РСС Точикистон асосан дар чанубу гарбии каторкуххои Дарвоз, Хазрати шох, Сарсарак, Санглох дучор меша­вад, ки саршумори он аз 1000 cap зиёд нест (1977). Морхурро барои гушту пусташ шикор мекунанд. Номи Морхур хамчун хайвони камшумору нодир дар «Китоби сурх»-и байналхалки ва

«Китоби сурх»-и СССР сабт шуда­аст. Шикори Морхур манъ аст. Соли 1972 карор карда шуд, ки дар Точикистон бо максади мухофизати Морхур гурук, (эаказник)-и Даштичум (50 хазор га) ташкил карда шавад.

Ад.: Жизнь животных. Млекопитаю­щие или звери, т. 6, М., 1971; Сапож­ников Г. Н., Дикие копытные Таджи­кистана, дар мачм.: «Редкие млекопита­ющие фауны СССР», М., 1976.

Г. В. Сапожников.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …