Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОРХО

МОРХО

morhoМОРХО (Serpontoe б Ophidia), як катори хазандахоро гуянд, ки аз давраи бур (табошир) инчониб маълуманд. Тахмин мекунанд, ки Морхо аз хазандахои сусморшакл ё калтакалосхои оби ба вучуд омадаанд. Морхо замони кадим хеле калон буданд. Дарозии V: I танааш аз 11 м 11 \ 2 \\ 3 ;; бештар буд. Калонтарин Морхои хозира бошад, ба 10 м мерасанд. Бадани Морхо бо пулакча пушида шуда, рангашон бештар ба мухити атроф мутобикат мекунад, чашмаш пардаи шаффофи яклухт дорад, ки он хпнгоми пустпартони Морхо бо пусти кухна якчоя чудо мешавад. Морхо дандонхои тези ба дарун качшуда доранд. Дандонхои Морхои захрнок ба гадуди захрхосилкунанда бо найчаи дохили пайвастанд. Агар бо таъсири беруни мушакхои чаккаи мор кашиш хуранд дархол захр чудо мешавад (ниг. расм). Устухонхои чоги Морхо байни хам ва косаи cap харакатнок пайваст буда, онхо хангоми фурубарии туъма ба калон кушодашавии ковокии дахон кумак мерасонанд. Баъзе Морхо (мори печон, мори оби, чарангмор) узвхои термолокациони доранд, ки онхо шуои гарми хайвонхои гармхунро хис мекунанд. Морхо бо ёрии бадан ва шикам печутоб хурда харакат мекунанд. Хамаи Морхо нагз шино карда метавонанд. Морхое низ мавчуданд, ки тамоми хаёташонро дар об мегузаронанд. Думи ин Гу­на Морхо (мас. Морхои бахри) ба бели завракмонанд аст. Морхо кариб дар тамо­ми кураи Замин (ба гайр аа Зеландияи нав ва чазирахои укёнус ва нохияхои кутби) пахн шудаанд. Морхо дар 2—5-солаги тухм мегузоранд. Баъзе Морхо (мас., Морхои бахри, шибо, чарангмор ва г.) тухмзиндазоянд. Гизои Морхо нармбаданхо, хашарот, мохихо, обхокихо, хазандахои майда, паррандахо ва тухми онхо, ширхурхо ва г. мебошанд. Морхо одатан сайдашонро кушта (буги карда ё захр за­да) ё баъзан зинда ба зинда фуру мебаранд. Морхои захрнок барои одам ва хайвонхо хатарноканд.

Кариб 2500 намуди Морхо маълуманд, ки ба 13 оила мансубанд. 250 наму­ди онхо Морхои захрноканд. Дар СССР 55 (аз 20 чинс), аз чумла дар Точикистон 16 (аз 12 чинс) намуди Морхо (курмор, мори печон, мори оби, мо­ри чипор, тирмор, шибо, кубро, гуро (1, мори афъи, сагмор ва г., 5 наму­ди охар Морхои захрноканд) пахн шудаанд. Баъзе намуди Морхо фоидаоваранд, зеро хояндахоро нобуд мекунанд. Дар тиб аз захри мор зардоб( зиддимор, доруи рафъи дарди пешгирй кардани газак (випросал випратоке, випраксин) тайёр мекунанд. Дар баъзе мамлакатхо аз чум­ла дар СССР М.-и захрнокро дар мархолахои махсус (серпентарияхо) парвариш карда, вактхои муайян аз онхо захр мегиранд. Дар баъзе мамлакатхо аз чумла СССР (дар нохияхои чануби) дар натичаи вахшиёна сайд кардан микдори Морхои захрнок хеле кам шудаанд. Аз ин ру дар республикахои Осиёи Миёна ва Закавказия оид ба манъ кардани инкори гурза, кубро ва дигар морхое, ки захрашон дар тиб истифода меша­вад, карорхои махсус кабул карда шудааст.

Ад.: Банников Г., ва дигар. Земно­водные и пресмыкающиеся СССР, М., 1971.

С. Л. Саидалиев.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …