Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОРГАН

МОРГАН

genri-morganМОРГАН (Morgan) Льюис Генри (21. 11. 1818, Орора, Нью-Йорк —17.

  1. 1881, Рочестер, Нью-Йорк), этнограф ва археологи америкои, мухаккики таърихи чамоаи ибтидои, ходими тараккипарвари чамъияти. Аъзои АФ миллии ШМА (1875). Ихтисосаш хукукдилнос. Аз чавони ба тарзи зиндагонии хиндихо — ирокезхо рагбат дошт.

Барои омухтани хаёти хиндихо ва ба онхо ёри расондан чамъияти махсус (1840) ташкил намуда, ба мукобили бехукуки ва махви хиндихо дар ШМА мубориза бурд. Аввалин асари барчастаи Морган «Иттифоки ирокезхо» (1851) дар бораи кабилахои ирокез то имруз тадкикоти мухим ба хисоб меравад. Морган дар асархои минбаъдааш гояи рохи ягонаи тараккиёти таърихии инсонро аз вахшоният то тамаддун тарафдори кардааст. Дар таълимоти Морган макоми авлод хамчун кисми асосии инкишофи таърихии чамоаи ибтидои мавкеи мухим дошт. Назарияи аз моликияти умуми пайдо шудани моликияти хусуси, олила ва никох, гузариш аз никохи умуми ба якканикохи ба ин таълимот вобаста аст. Морган таърихи чамоаи ибтидоиро аз нуктаи назари илми ба даврахои вахшигию барбари ва хар яке аз онхоро ба се давра чудо кардааст. Ф. Энгелс ба таълимоти Морган бахои баланд дода буд. маълумотхои хозираи этнографию архиологи нишон медиханд, ки баъзе фикрхои чузъии Морганро аник кардан лозим аст, аммо таълимоти у оид ба чамоаи ибтидои ахамияти худро гум накардааст.

Дар борамон

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …