Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МОРЕЛЛИ

МОРЕЛЛИ

morelliМОРЕЛЛИ (Morelly), коммунист хаёлии асри 18 франсави. Маълумоти муътамади биографи боки намондааст. Акидахои Морелли дар достони «Базилизда» (1753) ва рисолаи «Кодекси табиат ё рухи аслии конунхои он» баён шудааст. Мувофики акидаи Морелли чамъияте, ки ба моликияти хусуси асос ёфтааст ва ба хираду табиат мухолиф аст, бояд бо тартиботи коммунисти иваз карда шавад. Агар коммунизми ибтидои бешуурона сурат гирифта бошад, пас коммунизми оянда чамъияти бошуурона мешавад. Бар хилофи Т. Мор ва Т. Кампанелла, ки ба ташаккули акидахои у таъсир кардаанд, Морелли фикру андешахои худро оид ба сохти чамъияти коммунисти дар зимни тасвири сохти ичтимоии ким-кадом кишвари хаёли не, балки дар шакли лоихахои конунгузори баён кардааст. Морелли се Конуни «асоси ва мукаддас»-ро тартиб додааст, ки бо интишори онхо ба акидаи у дигаргунсозии коммунисти огоз меёбад. Конуни якум моликияти хусусиро бархам медихад, дуюм ба мехнат хукук доштани одамонро асоснок намуда, аз тарафи чамъият дастгири шудани онхоро кафолат медихад, сеюм хар як гражданинро ухдадор мекунад, ки ба мехнати судманди чамъияти машгул шавад. Морелли акидахои утопистони пешинаро дар боби имконпазир будани сохтмони коммунизм дар чамоахои на чандон калон рад намуда, исбот мекард, ки коммунизм дар микёси як мамлакати бутун пайваста ба хисобу китоб ва таксимоти мутамаркази мехнат ва махсулоти он бояд чори карда шавад. Морелли ба гояи бархам додани тафовути шахр ва кишлок дар замони коммунизм назар ба дигар утопистони асри 16—18 наздиктар шудааст. Бо вучуди он чахонбинии Морелли аз махдудиятхои таърихи низ озод нест. Мас., дар таълимоти у тамоюли зохидона чои намоёнро ишгол менамояд. Таълимоти Морелли ба муосиронаш кариб тамоман маълум набуд, вале пай ба ташаккули акидахои Г. Бабёф ва инчунин таълимоти социалистони утопиявии нимаи аввали асри 19 Э. Кабе, Фурье ва Т. Дезами таъсир расондааст.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …