Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОНТМОРИЛЛОНИТ

МОНТМОРИЛЛОНИТ

montmorilltonitМОНТМОРИЛЛОНИТ [аз номи ш. Монморийон (Montmorillon) дар Франция], минерали гили аз гурухи силикатхои кабатдор. Таркиби химиявиаш тагйирёбанда (Са, Na) (Mg, Al, Fehl(Si, A1)40,o] (OH)2  nH20. Системаи кристаллбандии Монтмориллонит моноклини, кристаллхояш камёфт буда, онхоро танхо дар зери микроскопи электрони дидан мумкин аст; одатан баргмонанданд. Ранги Монтмориллонит вобаста ба омехтахои таркибаш сафеди ба гулоби, хокистари ва ё кабуд монл, баъзан сурх ё сабзтоб аст. Сахтиаш кариб 1; зичиаш кариб 1800 кг/мз. Монтмориллонит тар шавад, хеле медамад ва ин холат хангоми дар байни кабатхои структураи он рох ёфтани об руи медихад. Монтмориллонит махсули хоси фарсоиши алюмосиликатхост дар мухити ишкори. Монтмориллонит чузъи асосии бентонитхо буда, дар таркиби хок ва чинсхои тахшинии дигар низ чой дорад. Гилхои Монтмориллонитдор сарвати мухими зеризамини буда, дар саноати бофандаги (хамчун воситаи шустагарии матоъхо) ва дар саноати собунпазию нефт (чун гили софкории равгани растанию нефт) истифода мешаванд. Дар терр. Точикистон ин хел гилхо бештар дар байни тахнишастхои давраи табошир ёфт мешаванд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …