Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МОНТЕСКЬЁ

МОНТЕСКЬЁ

montesekyoМОНТЕСКЬЁ (Montesquieu) Шарль Луи де Секонда, барои де Ла Бреди де Монтескьё (18. 1. 1689, Лаб-ред, наздикии Бордо —10. 2. 1755, Париж), маорифпарвар, хукукшинос, файласуф, адиби франсави. Аъзои Институти Франция (1727). Аз авлоди кадимаи дворяни. Баъди хатми коллежи католики (1705)_ дар Бордо ва Париж хукукро омухтааст. Соли 1714 мушовир, аз соли 1716 яке аз ноиб-презндентхои парламенти (суди) Бордо. Аз соли 1726 дар Париж зистааст.

Соли 1728 ба мамлакатхои Европа (Италия, Пруссия, Нидерланд) сафар карда, 1729—31 дар Британияи Кабир зиндаги кард. Амалияи конститусионии Англия, акидахои хукукшиносон ва файласуфони англис ба ташаккули идеалхои давлатию хукуцшиносии Монтескьё таъсири зиёд расонданд. Ин гояхо дар асари энциклопедии «Рух-ул-кавонин» (1748) хеле хуб ифода ёфтаанд. Монтескьё дар ташаккули хукуки позитиви ва шаклхои давлатдори макоми омилхои географи (хусусан иклим)-ро хеле баланд мебардошт. Ба акидаи у иклими гарм боиси танбалию шахват мегардад. Далерии гражданиро нест карда, истибдодро ба амал меорад. Ин нуктаи назар боиси поягузории мактаби географи дар социология гардид. Аммо ба омилхои сиёси ва пеш аз хама ба шакли давлатдори диккати махсус медод. Монтескьё дар асоси назарияхои сиёсии атика се шакли дуруст (демократия, аристократия ва монархия) ва як шакли нодурусти (истибдоди) давлатдориро фарк мекард. Монтескьё монархияро шакли бехтарини давлатдори медонист. У хамчун мунаккиди истибдоди шохи ва идеологи монархияи конституциони дар таърихи Франция, дар инкишофи афкори чамъиятии чахони макоми хос дорад. Программаи сиёсии Монтескьё умуман — программаи созиши байни буржуазия ва дворянхо ба шарти иштироки баробар дар татбики хокимияти давлати аст. Монтескьё дар сохаи соф хукуки як катор принципхои прогрессиви пешниход намуд: баробарии гражданхо дар назди конун, хукуки васеи интихоботи, озодии сухан, матбуот, эътикод, чудо кардани калисо аз давлат, даст кашидан аз шиканчаю чазохои вазнин, зарурати созишномахои байналхалки дар бораи гуманизацияи методхои чанг ва г.

Акидахои таърихии Монтескьё дар асари «Мулодизахо доир ба сабабхои иктидору инкирози римихо» (1734) ифода ёфтаанд. Монтескьё аз фахмиши теологии таърих даст кашида, нуктаи конунияти объективии процесси таъриххо пешниход намуд. Монтескьё хамчун устоди сухан тавассути романи «Мактубхои форси» (1721)—яке аз асархои бехтарини жанри фалсафии барои асри 18 хос машхур гашт. Роххои роман дар шакли мукотибаи дустон — форсхо, узбекхо, мунаккидони «содда» ва дар айни хол окили чамъияти дуньявии Франция ифода ёфтаанд. Хачви пур аз истехзо ва бозарофати Монтескьё тамоми табакахои монархияи мутлаки Франция, хаёти сиёсии, маданият, хулку рафтори раияти онро ифшо кард.

Достонхои насрии «Дайри Книд» (1725) ва «Саёхат ба Пафос» (1727) дар рухияи риндияи эппкуреисти навишта шудаанд.

Ас.: Избр. произв., М., 1955; Персидские письма, М., 1956.

Ад.: История французской литературы, т. 1, М., 1946; Баскин М. П., Монтескьё, М., 1965.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …