Маълумоти охирин

МОНТАЖ

montajМОНТАЖ дар кино, процесси эчоди ва техникиест дар офаридани фильм. Монтаж хотимаи фильмофари буда, хангоми он сахна ва кадрхое, ки дар вактхои гуногун (чандин маротиба) ба навор гирифта шудаанд, интихоб ва аз руи сценария ба хам васл карда мешаванд. Дар айни хол Монтаж системаи бадеист, ки таносубу рабти дохилии кадрхо, маъно ва ягонагии тасвиру овоз ва дигар чузъиёти фильмро дар бар мегирад. Кадрхо аз руи хусусияту нишонахои умумиашон, яъне ягонагии замону макони амалиёт, тархандозии мизансцена, ритми харакат, хусусияти рушнои, мазмуни муколамаи кахрамонхо васл карда мешаванд. Монтаж ба хамаи унсурхои фильм таъсир мерасонад. Барчаста, образнок ва пуртаъсирии амалиёти экрани ба сохту усули Монтаж вобаста аст. Монтаж аз руи гоя, мазмун, жанри асар ва хамчунин фардияти эчодии режиссёр шаклхои гуногун мегирад. Тахаввули таърихии кино ва бозёфтхои техникии он:

овоз, ранг, экрани васеъ, камераи харакаташ универсали ва г. маъно ва усулхои Монтажро дигар карданд. Барои пешрафти назарияи Монтаж арбобони кинои америкои Д. У. Гриффит, Т. Инс ва кинои совети Л. Кулешов, Д. Вертов, В. Пудовкин, С. Эйзенштейн ва дигар хиссаи калон гузоштаанд. Таълимоти С. Эйзенштейн оид ба Монтаж чуннн методу усулхои тафсири кинематографиро, ба мисли «монтажи интеллектуали», «монтажи вертикалии (монтажи овозу тасвир), «монтажи хромофони» (Монтажи рангу овоз) ва г.-ро дар бар мегирад, ки он пешрафти тафаккури бадеиро дар санъати кинои солхои 20 ва 30 инъикос намудааст (мас., мавкеи ранг дар сохти Монтажии фильм ва г.). Дар санъати кино намудхои гуногун ва роххои зиёди халли Монтажии фильм маълум аст, ки машхуртаринашон инхоянд: Монтажи пай дар пай (6 ки мусалсал), ки методи оддитарин буда, амалиёти экрани дар он аз чихати замон хеле тулонист, аммо ба туфайли интихоби кадру сахнаххо, сюжет хеле мучаз ва пай дар пай дарк мешавад; Монтажи параллели, усулест, ки тамошобинро дар як лахза аз як макони вокеа ба макони дигар мебарад, яъне инкишофи ду вокеа дар дохили як сюжет. Ин намуди Монтаж барои дар экран кушода додани низои пуршиддат имконият фарохам меорад ва дар фильмхои саргузашти бештар истифода мешавад; Монтажи офаридгор, бо рохи интихоб ва Монтаж ба материал маънои тамоман нав бахшидан аст, ки пеш он маъноро доро набуд. В. Пудовкин чунин мисоле меорад: се кадри асрии — чехраи хандони актёр, тасвири револвер ва чехраи пуртарсу бими хамон актёр — пай дар пай васл карда шавад, тамошобин мепиндоранд, ки ин одам буздил аст. Агар кадрхои якум ва сеюмро иваз намоем, пас харакати актёр кахрамониро ифода мекунад; Монтажи ассоциативии образнок (монтажи киёси), ин усули монтаж хусусияти рассоси дошта, бо рохи киёс намудани кадрхои мазмунашон мухталиф образ меофарад. Мас., дар кадр одаме тасвир ёфтааст, ки ба фикр фуру рафтааст. Баъд дар экран манзараи тирамох бо абрхои сиёх намудор мегардад. Аз мукоисаи ин ду кадр рухияи гамангези одам эхсос мешавад; Монтажи овозиву тасвири, ин намуди Монтаж пас аз ихтирои овоз дар кино ба вучуд омада, барои пайваст намудани тасвиру овоз, ки образи ягонаи бадеи меофаранд, истифода мешавад; Монтажи дохиликадри, солхои 40—50 дар кинои совети ннтишор ёфта, онро «аксбардори баробари харакат» низ мегуянд. Монтажи дохиликадри хангоми амалиёти камера ба вукуъ меояд: камера аз паи объекти тасвир харакат намуда, онро аз доираи назар берун намегузорад, ба он наздик ё дур шуда, амалиёт ва рухияшро аксбардори мекунад. Чунин Монтаж махсусан дар фильмхои режиссёр М. Калатозов ва оператор С. Урусевский («Турнахо парвоз мекунанд», «Ман-Куба» ва г.) мавкеи мухим дорад. Дар телевизион Монтажи «лахзаги» машхур аст, ки асоси онро Монтажи кинематографи ташкил медихад ва хангоми аз чои вокеа ба таври репортаж додани амалиёт истифода мешавад. Дар фильмхои хуччати-хроникави ва илми-оммави Монтажи тематики маъмул аст, ки он чамъи факту далел, хуччат ва материали вокеиро вобаста ба максади асосии фильм ба ришта мекашад.

Ад.: Кулешов Л., Основы кинорежиссуры, М., 1941; хамон муалл., Кадр и монтаж, М., 1961: Эйзенштейн С., Иабр. пропав, в. в тт., т. 2, М., 1964.

  1. Aхpopoв.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.