Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / МОНРЕАЛЬ

МОНРЕАЛЬ

monrealМОНРЕАЛЬ (Montreal), шалеет дар шарки Канада, дар музофоти Квебек. Дар сохили дарёи хазрати Лаврентий чой гирифтааст. Монреаль дар Канада шахри серахолитарин мебошад. Ахолиаш бо атрофи шахр 2,9 млн нафар (1981), кариб 2/з хиссаашфрансавихои канадаги.

Монреаль— яке аз бандархои калонтарини зкепорти галла; узели калони рохи охан, маркази мухими тичорату молия ва саноатн мамлакат. Корхонахои шахр кариб */з хиссаи махсулоти умумии саноати Канадаро медиханд. Сохахои мухими саноат: хуроквори, бофандаги, киштисози, мошинсози (вагону самолётсози ва г.), коркарди металл, истехсоли махсулоти нефт, металлургияи ранга, химия, мебел. 3 yниверситет, Китобхонаи оммави, Музеи санъати нафиса дорад. Ёдгорихои меъмории машхураш: калисои Бонсекур (1657), семинарияи Сен-Сюльпис (1680), касри Рамзе (1705—24), бинои Университети Монреаль (1925—42), марказхои тичорат ва маданият (I960). Монреаль дар арафаи Намоишгохи умумичахонии соли 1967 боз хам ободу зеботар гардид.

Монреальро соли 1642 франсавиёни мухочир бунёд кардаанд, ки номи аввалини он Виль-Мари-де-Монреаль буд. Дар нимаи аввали асри 18 ба маркази мухими тичорат табдил ёфт. Соли 1760 онро англисхо забт карданд. Солхои 1844—49 М. пойтахти мустамликаи Англия дар Канада буд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …