Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОНО

МОНО

monoМОНО (Monod) Жак Люсьен (1910—1976), биохимик ва микробиологи франсави, факултети табиатшиносии Университети Парижро (1934) хатм карда дар хамон чо ба кор монд. Аз соли 1945 мудири лабореторияи физиологияи микробхо, аз 1953 рохбари шуъбаи биохимияи хучайра ва аз 1971 директори Институти ба номи Пестери Париж. Тадкикотхои асосии илмии Монилиоз ба инкишофи бактерияхо, индукция ва репрессияи ферментхои бактерияви бахшида шудаанд. Монилиоз муаллифи (бо якчоягии Ф. Жакоб) гинотезаи бо ёрии КРН (кислотаи рибонуклеат)-и ахбори аз КДН (кислотаи деэоксирибонуклеат) ба рибосомахо гузаровидани ахбори генетики ва гипотезаи механизми танзими генетикии синтези сафеда дар бактерияхо мебошад. Аъзои як катор АФ-хои хоричи. Соли 1965 (бо якчоягии Ф. Жакоб ва А. Львов) лауреати Мукофоти нобели гардидааст.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …