Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОНОПОЛИЯИ САВДОИ БЕРУНИ

МОНОПОЛИЯИ САВДОИ БЕРУНИ

monopolyai-savdoi-berunaМОНОПОЛИЯИ САВДОИ БЕРУНИ, шакли асосии робитахои иктисодии давлатхои социалисти бо давлатхои хоричи, ки тамоми муомилоти тичоратиро бо хорича органи махсуси давлати ба чо меоварад. Давлати социалисти тавассути Монополияи савдои беруни бозори дохилии худро аз тачовузи капитали хоричи мухофизат намуда, тамоми савдои беруниро барои тараккиёти босуръати хочагии халки мамлакат истифода мекунад. Дар СССР Монополияи савдои беруниро бо декрети Хукумати Совети аз 22 апрели 1918 чори карда, дар моддаи 14 Конституцияи СССР ба хукми конун дароварда шудааст. Савдои берунии СССР аз тарафи Вазорати савдои беруни ва органхои дар дигар мамлакатхо будаи он (намояндагихои тичорати) анчом дода мешавад. Дар дигар мамлакатхои социалисти низ савдои беруни монополияи давлат аст. Монополияи савдои беруни шарти мухими тараккии иктисодиёти мамлакатхои социалисти буда, ба инкишофи хамкори ва ёрии иктисодии байни хамаи мамлакатхои системаи социалисти мусоидат мекунад.

Ад.: Ленин В. И., Дар бораи монополияи савдои хоричи, Ас., ч. 33; Поздняков В. С., Государственная монополия внешней торговли в СССР. М.. I960.

 

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …