Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МОНОМЕТАЛЛИЗМ

МОНОМЕТАЛЛИЗМ

monomentalizmМОНОМЕТАЛЛИЗМ (аз моно… ва металл), системаи пулиест, ки дар он як металл вазифаи эквиваленти умумиро ичро менамояд ва асоси муоиилоти пули ба хисоб меравад. Монометаллизми мис, нукра ва тилло мавчуд буд. Монометаллизми мис дар Рим (асрхои 3—2 пеш аз м.); нукра дар Россия (1843—52), Голландия (1847—75), Хиндустон (1852—93); тилло дар Британияи Кабир (охири асри 18), Европа (охири асри 19) ва дигар мамлакатхо хукмрон буд.

Дар системаи Монометаллизм баробари сиккахои нукра ва тиллои, ки асоси муомилотро ташкил менамоянд, сиккаи дигар металлхо низ буда метавонад. Мас., дар Монометаллизми тилло дар катори сиккахои тиллои сиккахои мис ва нукраги, банкнот ва пулхои когази хам истифода мешаванд ва хамаи онхо курби бо тилло ивазшави доранд. Бо инкишофи капитализм системаи пули ба Монометаллизми тилло табдил ёфт. Ниг. низ Тилло, Стандарти тилло.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …