Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОНОЛОГ

МОНОЛОГ

monologМОНОЛОГ (аз моно… ва юн. 16-gos — сухан, нутк), нутки монологи, нутки як шахс, як навъи нуткест, ки аз чихати сохту таркиб тамоман ё кариб ба нутки хамсухбат алока надорад ва бо хамин аз нутки диалоги (Диалог) фарк мекунад. Асосан дар суханронихои нотикон, гуфторхои радио ва телевизион, чараёни таълим (нутки муаллим дар синф ва г.) истифода мешавад. Забон ва сохти композиционии нутки монологи нисбат ба навъхои дигари нутк мураккабтар аст.

Монолог дар адабиёт ва театр. Чузъи асари бадеи ва ё жанри мустакилест, ки тавассути нутки монологи шакл гирифтааст. Дар драма (спектакль, кинофильм) гуфтори кахрамон аст, ки аз суханони дигар кахрамонхо чудо буда, барои худ ё атрофиён изхор мешавад. Монолог, аксар барои ифодаи андешахои лирикию фалсафи, махрамонаю публицистии кахрамон, нуктаи назари у ба хаёту зиндаги (Монографияхои Хамлет аз асари Шекспир ва Чацкий аз асари Грибоедов), инчунин барои шархи ходисаву вокеоти пеш аз огози амалиёти асоси (сюжет)-и пьеса ва ё амалиёти пасисахнави истифода мешавад. Лирика, аксаран лирикаи субъективи, ки дар он бевосита эхсосоти шахси эчодкор ифода мегардад, шакли махсуси Монолог мебошад. Хикояе, ки дар он сухан аз номи шахси аввал меравад, низ ба таври Монолог сохта мешавад. Вале дар услхои монологи баъзан сухани шахси дигар, сухани «бегона» (унсурхои пародия, мубохиса) чой мегирад, аз ин ру, тадкики монологи ба диалог наздики пайдо мекунад. Дар насри реалистии охири асри 19 ва асри 20 Монологи ботини яке аз воситахои мухимми тасвири психологи гардид. Ин услуб холо дар адабиёти сермиллати совети мавкеи калон гирифтааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.