Маълумоти охирин

МОНАВИЯ

МОНАВИЯ таълимоти диниест, ки асри 3 дар Шарки Наздик пайдо шуда, бо номи асосгузораш Мони машдхр гардидааст. Монавия ба зуди дар Хуросону Мовароуннахр, Хитой .Л Шарки Наздик васеъ пахн гардид. Монавия як шакли дуализми дини буда унсурхои зардуштия, масехияг ва гностицизмро ба хам пайвастааст.

Аз руи таълимоти Монавия дар олам ду кувван азалии ба хам зид — нуру зулмот, хайру шар вучуд доранд. Пар олами нур худою фариштахо дар олами зулмот деву иблис хукмронанд. Мувофики таълимоти Монавия нур бо неки ва зулмот бо бади муносибат дорад. Рух самараи нур, мабдаи неки, чисм (модда) самараи зулмот, мабдаи бади аст. Рух асири чисм мебошад. Ба таълимоти Монавия то дарахае тахминхои диалектикии соддалавхона хос аст, ки дар таъкиди доими будани муборизаи байни зидхо ва дар алокаманди вучуд доштани онхо падидор аст. Мазмуну мохияти таърихи чахониро муборизаи доимии нур ва зулмот, рух ва модда, неки ва бади ташкил медихад. Ин мубориза бо сухтори олам анчом меёбад, ки дар натичаи он рух аз чисм (модда) чудо мешавад. Олам дар назари монавиён тачассуми бахт мебошад. Одам низ вучуди муштарак буда вазифадор аст, ки ба нур ёри расонад. Монавия зухду такво, беникохи ва манъи хуроквори (истеъмоли мохи, гушт, шароб ва г.)-ро таргибу кизб, дузди, сарватманди ва моликияти хусусиро махкум мекунад. Таълимоти монавиён як навъ эътирози ичтимои буд. Вале Монавия оммаи халкро на ба муборизаи фаъол, балки ба гушанишини даъват мекард. Чунин тарзи фахмиши маъною максади хаёт аз унсури пессимисти холи набуд. Дар Гарб Монавия бо масехият омехта шуда, шакли бидъатро гирифт. Монавия дар асри 8 дар салтанати Уйгур дини хукмрон гардид. Дар асрхои 8—9 Монавия ба таъкиби сахти пайравони ислом дучор омад. Монавия ба ташаккули идеологияи як катор фиркахои масехи (павликианхо, катархо, молоканхо) ва мазхакия мусоидат кардааст.

Ад.: Пигулевская Н. В.. Города Ирана в раннем средневековье, М.. 1956; Дьяконов М. М.. Очерк истории Древнего Ирана, М., 1961. А. Совиное.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …