Маълумоти охирин

МОНАКО

monakoМОНАКО (Monaco), давлат дар Чан. Европа, дар сохили бахри Миёназамин. Бо Франция хамсархад аст. Масохаташ 1,9 км3. Ахолиаш бештар аз 25 хазор нафар (1979), аз чумла кариб 5 хазор монегаскхо (сокинони асли), зиёда аз 15 хазор гражданхои Франция, 4 хазор италиявихо зиндаги мекунанд. Забони расми — франсави. Дини расми масехия. Монада аз се округ — шахри маъмурию амалан ба хам омехта: Монако (пойтахт), Монте-Карло, Ла-Кондамнн ва ду райони нави Фонвьей ва Ларвотто иборат аст.

Сохтн давлати. Монадакнязи, мутлакияти конституциони. Сардори давлат — князь. Мувофики конституцияи соли 1962 хокимияти конунгузор ба князь ва Совети милли (органи парламент) тааллук дорад, ки аз 18 депутат иборат буда, дар асоси хукуки интихоботи умуми ба мухлати 5 сол интихоб мешананд. Хокимияти ичроияро Совети хукумати, ки ба он вазири давлати сардори мекунад, ба амал мебарорад. Совети хукумати бо сардории вазири давлати аз 4 аъзо (князь ва 3 нафар номзад — гражданхои франсави, ки онхоро Франция тавсия мекунад) иборат аст.

Гайр аз он, Совети давлати низ вучуд дорад, ки онро хам князь таъин мекунад. Тайёр намудани лоихаи конуну указхо ба ухдаи Совети давлатист. Системаи суди чун системаи судии Франция аст: суди инстанцияи якум, судхои апелляциони ва кассациони, Суди оли. Мувофики анъана дар полиция (такрибан 300 нафар) асосан франсавихо хидмат мекунанд.

Ягона партияи сиёсии Монако — Иттифоки миллии демократи. Фаъолияти партияхои дигар манъ аст.

Дар мамлакат ташкилоти иттифокхои касаба — Иттиходи иттифокхои касабаи Монако амал мекунад. Монада дар як катор давлатхои Гарби Европа намояндагии дипломати ва дар бисёр мамлакатхои дигар консулхонахо дорад.

Монада агарчи аъзои ТДМ набошад хам, вале ба ЮНЕСКО, Ташкилоти умумичахонии нигохдории тандурусти ва чандин муассисахои махсуси ТДМ ва дигар ташкилотхои байналхалки дохил аст. Намояндаи Монада дар мачлиси бехатари ва хамкории Европа дар Хельсинки иштирок карда, ба Акти хотимавии он имзо гузоштааст.

Дар терр. Монакои хозира дар асрхои 10—5 то м. колонияхои финикийхо ва баъдтар юнонихо мавчуд буданд. Азбаски ин терр. ахамияти зиёди стратеги дошт, онро дар асри 1 то м. римихо ва баъдтар арабхо забт карданд. Дар асри 10 м. дар терр. Монада генуягихо маскан карда соли 1215 дар он чо калъа сохтанд. Монада соли 1346 тахти протекторати Генуя хамчун князии феодали ташаккул ёфт. Хокимияти хонаводаи Гримальдии генуягихо соли 1419 дар Монада комилан мустахкам шуд. Подшохи Франция ва герцоги Савойя охири асри 15-ибтидои асри 16 хукуки сеньории Монадаро эътироф намуданд ва ба ин муносибат Монада князии мустакил шуд.

Монада мухториятн худро расман нигох дошта бошад хам, аз соли 1524 дар асл зери хокимияти мутлакияти Испания буд. Кушунхои Испания соли 1605 терр. князии Монадаро гап гол карданд. Монегаскхои ба шур омада соли 1641 гарнизони испанихоро аз ин чо ронданд ва Монада зери протекторати Франция гузашт. Хокимияти князи Монада дар натичаи Револютсияи бузурги Франция сарнагун гардид ва Монада ба Франция (1793) хамрох карда шуд. Шартномаи соли 1814-и Франция хокимияти князьро баркарор кард. Мувофики карори Конгресси Вена 1815 Монада зори протекторати подшохии Сардиния гузашт. Соли 1848 зери таъсрири Револютсияи феврали Франция дар Монада бар зидди мутлакият шурши cap зад ва онро кушунхои Сардиния пахш карданд. Мутлакият соли 1849 баркарор шуд ва протекторати Сардиния хотима ёфт. Мувофики шартномаи соли 1861-и франсавихою монегаскхо Франция истиклолияти Монадаро эътироф намуд. Соли 1865 байни Монада ва Франция барои Монада шартномаи нанговаре ба имзо расид. Шартномаи соли 1918 муносибатхои байни ду мамлакатро ба низом даровард, ки мувофики он мебоист «хукумати республикаи Франция мухофизати истиклолият ва сохибихтиёрии князии Монадаро таъмин мекард».

Шартнома чунин нукта дошт: князи Монада «ухдадор мешавад, ки тамоми хукукхои сохибихтиёрии худро мувофики манфиатхои сиёси, харби ва иктисодии Франция ба амал барорад».

Солхои охир дар баробари туризм (Монада аз туризм даромади калон мегирад) дар иктисодиёти Монада саноату тичорат низ роли калон мебозанд. 70% ахоли кобили мехнатанд. Монада корхонахои саноати химия, фармакология, хуроквори, полиграфи, чинию сафол, масолехи бинокори, корхонахои истехсоли тачхизоти электри, аз чумла тачхизоти авиационию техникаи кайхони дорад. Бинокори хеле инкишоф ёфтааст. Хукумати Монада соли 1966 «Ширкати оббозхонахои бахри»-ро, ки ба он киморхонаи машхури дуньё Монте-Карло ва бисьёр муассисахои ба туристон хизматрасонанда тааллук доранд, зери назорати худ гирифт. Хукумат дар айни замон торафт кам шудани шумораи туристонро ба назар гирифта, кушиш дорад, ки Монадаро ба макони мачлису машваратхои байналхалки, алалхусус содаи океанография табдил дихад.

Мухлати тахсил дар мактабхои ибтидои 5 сол, миёнаи нопурра 4 сол, миёна 7 сол (4+3) аст. Соли тахсили 1971/72 дар мактабхои ибтидои 1,5 хазор ва мактабхои миёна 2,9 хазор талаба тахсил мекард. Маълумоти ибтидои ва миёнаи нопурра хатмист. Соли тахсили 1974/75 дар мактабхои давлати 3,6 хазор ва хусуси 1,4 хазор нафар хонанда тахсил менамуд. Тайёрии касбхои техники дар асоси мактаби миёнаи нопурраи 2—3 сола ба амал бароварда мешавад. Маълумоти олиро танхо дар хорича гирпфтан мумкин аст.

Дар Монада яке аз калонтарин радностанцияхои Европа «Монте-Карло» кор мекунад, ки соли 1946 бо хамкории Франция сохта шудааст. Стансияи телевизион низ дорад. Газетаи хафтаинаи хукуматии «Журналь де Монако» нашр мешавад. Вохиди пул — франки франсави.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …