Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОМРОЗ

МОМРОЗ

momrozМОМРОЗ (Carpinus), чинси дарахтхои хазонрез, баъзан бутта аз оилаи Corylaceae. Танаи Момроз пустлохи суфтаи хокистари ва шоху барги зич дорад. Баргхояш пай дар пай сода, гулхояш чудочинсаи якхонаги мебошанд. Меваи Момроз чормагзаки яктухма буда, лифофаи баргшакл дорад.

Кариб 50 намуди Момроз дар Европа, Осиёи Шарки ва Америкаи Шимоли меруяд. Дар СССР 5 намудаш дар гарби Кисмн европои, Крим, Кавказ ва чануби кишвар. Примория меруяд. Момроз дар хокхои намнок ва нарм хеле хуб месабзад; дар Осиёи Миёна (аз чумла дар Точикистон) Момрози худруй вучуд надорад. Дар Точикистон 6 намуди Момрозро парвариш мекунанд. Аз чумла Момрози одди (С. betulus)-po аз соли 1935 мепарваранд. Ин дарахти баланди (то 20—30 м) соядуст буда, баргхои байзашакл дорад. Микдори онро аз хисоби тухм ва каламча зиёд мекунанд. Нихолро ба чои доими дар 6-солагиаш мешинонанд.

Момрози одди яке аз дарахтхои асосии бешазорхои Балкан ва Карпат аст; чуби он хеле баландсифат буда, дар истехсоли мебел, асбобхои мусики, дар мошонсози ва г. васеъ истифода мешавад. Аз пустлохи он ранг ва аз баргхояш киёми даббоги хосил мекунанд.

Ад.: Деревья и кустарники СССР, т. 2, М.—Л., 1951; Деревья и кустарники для озеленения Таджикистана. Д.. 1965.

Н. Г. Темберг.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …