Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОМОИ

МОМОИ

momoiМОМОИ, акушери, кобилаги, як содаи тибро гуянд, ки процессхои дар организми зан дар давраи хомилаги, таваллуд ва баъди таваллуд

руйдихандаро меомузад. Момо ба занхо (дар вакти хомилаги, таваллуд ва баъди таваллуд) ва кудакон (дар рузхои аввали хаёти дохилибатни ва баъди таваллуд) ёрии амалии тибби мерасонад, инчунин занхоро аз хомилаги огох менамояд.

Момогулихо яке аз сохахои кадимтарини тибби амали ба шумор меравад. Маълумоти аввалин оид ба баъзе усулхои ёрии тибби хангоми душвории таваллуд хануз дар папирусхои Эберси Мисри Кадим (хазорахои 3—2 то м) оварда шуданд. Дар китоби мукаддаси хиндухо «Аюрведа» (асри 8 то м.) масъалахои диететикаи хомила ва як катор усулхои ёри хангоми таваллуд зикр ёфтааид. Дар инкншофи Момои олимони Юнони Кадим, Рим, Искандария ва г. сахми калон гузоштаанд. Дар пешрафти амалии он бошад, макоми олими намоёни форс-точик Абуалии Сино (асри 10) багоят бузург аст. Акидахои у оид ба дар китоби сеюми «Ал-Конун»-и у баён гардидаанд. Он чо дар бораи донистани мохияти процессхои физиологи ва патологии организми зани хомила маълумот дода шудааст. Бо ин хама Момои то асри 16 илми тачрибави ба шумор мерафт. Равнаки Момои чун илм бо комёбихои бузурги анатомия, физиология ва тиб алокаманд аст. Чаррохи франсави Амбру аз Паре (1517—90) чаррохии Момоиро, ки кайхо фаромуш шуда буд, ба амалияи Момои баргардонд.

А. Левре (соли 1751) ва V. Смелли (1754) гирахои Момоиро такмил доданд. Дар асрхои 17—18 дар аксари мамлакатхои европои кафедра ва клиникахои акушери таъсис ёфтанд ва таълими мунтазами Момои чори карда шуданд. Асосгузори Момои дар Россия Н. М. Амбодик Максимович (1744—1812) мебошад. Бо ташаббуси у аввалин дастури руси оид ба Момои нашр шуд. Акушероми намоёни рус А. Я. Крассовский, Д. О. Отт, И. П. Лазаревич, В. В. Строганов ва дигарон буданд. Дар инкишофи илми акушерии совети хизмати профессор К. К. Скробанский, Г. Г. Гейтер, М. С. Малиновский ва дигарон хеле калон аст.

Марказхои асосии Момои дар СССР Институти акушери ва гинекологияи Вазорати нигахдории тандурусти (Москва) ва Институти акушери ва гинекологияи АИТ СССР (Ленинград) мебошанд. Натичахои тадкикоти илми оид ба Момои дар журнали «Акушерствои гинекология» (таъсисаш 1936) нашр мешаванд.

Дар Точикистон дар давраи Хокимияти Совети илми акушери инкишоф ёфт. Кафедраи момои ва беморихои занонаи факултети муоличаи Институти давлатии тиббии Точикистон (аз соли 1941), ки бо ташаббуси В. А. Лосицкая таъсис ёфта буд, маркази илмии Момои гардид. Соли 1959 дар факултети педиатрия низ чунин кафедра таъсис ёфт. Акушерону гинекологхои Точикистон дар инкишофи эндокринологияи акушери, омузиши физиологияи хуни зани хомила, ичунин халли проблемахои камхунии онхо ва беморихои гонетикии хун хизматхои шоён карданд. Дар республика як катор съезду конференцияхои акушерону гинекологхо гузаронида шуданд.

Ад.: Лахтин М. Ю., Исторический очерк развития хирургической помощи роженицам, СПБ, 1900; Многотомное руководство по акушерству и гинекологии, т. 1—6, М.. 1961—64. С. X. Хакимова.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …