Маълумоти охирин
Главная / Биология / МОМОГУЛ

МОМОГУЛ

momogulМОМОГУЛ, гули момо (Campanula), чинси гиёххои як-ду ва бисьёрсола, баъзан нимбуттаест аз оилаи момогулихо. Поли бешохча ё сершохча, барги бедумча ё думчадор, хушагули бисёргула (баъзан якгула), гули пайвастбарги зангула ё цифшакли кабуд, осмонранг, баъзан сафед ё бунафш, гузаи 3—5-паллаи сертухм дорад. Зиёда аз 300 намуди Момогул дар минтакаи муътадили Нимкураи Шимоли, асосан дар чануби Европа, Осиёи Пеш, кисман Америкаи Шимоли пахн шудааст. Дар СССР 150 (асосан дар Кавказ, 130) намуди Момогул меруяд. Дар РСС Точикистон 5—0 намуди худруй (С. lehmanniana, С. cvolvulaceae, С. fedt-schenkoana ва г.) маълум аст. Намудхои Момогул дар хамвори ва баландкуххо дида мешаванд. Решаи С. гаuneulus-po ба таом меандозанд; барги баъзе намудхои он сервитамин Суда, аз он хуриш тайёр мекунанд. Як катор намудхои Момогул (С. саграtlea, С. persicifolia — ниг. расм ва г.) гулдон маъмуланд ва ондоро дар боги набототи Институти ботаникаи АФ РСС Точикистон аз соли 1939 парвариш мекунанд.

Ад.: Флора СССР, т. 24, М.— Л., 1957; Цветоводство Таджикистана, Д.. 1065.

С. Ю. Юнусов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …