Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОЛУ МУЛК

МОЛУ МУЛК

МОЛУ МУЛК дар хукук 1) мачмуи ашё ва сарватхои модди, ки дар ихтиёри ягон шахс аст; 2) мачмуи ашё ва хукуки моликият барои гирифтани онхо аз шахсони дигар; 3) мачмуи ашё ва хукуку ухдадорихои молу мулки ба шахси муайян тааллукдор.

Замин, сарватхои зеризамини, об, чангалхо, заводхо, фабрикахо, шахтахо, конхо, стансияхои электри, наклиёти рохи охан, наклиёти оби, хавои ва автомобили, банкхо, воситахои алока, корхонахои савдо, коммунали ва дигар корхонахое, ки давлат ташкил кардааст, инчунин фонди асосии истикоматгох дар шахрхо ва посёлкахои типи шахри моликияти давлатанд (мод. 95 КГ РСС Точикистон). Корхонаву муассисахои мадани-маиши, бинову иншоотхо, трактору комбайнхо, мошинхои дигар, воситахои наклиёт, хайвоноти кори ва махсулдехи колхозхо, ташкилотхои дигар кооперативи, иттиходияхои онхо, махсулоти истехсолкардаи ин ташкилотхо ва дигар Молу мулки барои ин ташкилотхо зарур, моликияти онхо мебошад (мод. 100 КГ РСС Точикистон). Корхонахо, оинохо, иншоотхо, санаторияхо, хонахои истирохат, касрхои маданият, клубхо, стадионхо, лагерхои пионери ва асбобу анчоми онхо, фондхои мадани-маърифати ва г. моликияти иттифокхои касаба ва дигар ташкилотхои чамъиятианд. Молу мулки барои конеъ гардондани талаботи модди ва мадании гражданхо зарур моликияти шахсии онхост (мод. 105 КГ РСС Точикистон). Молу мулке, ки барои чамъият кимати баланд дорад ва аз тарафи сохибаш хунукназарона муносибат шуда, ба нукснокшави рох дода мешавад, Молу мулки бесомон номида мешавад. Агар граждании ба Молу мулки барои чамъият кимати таърихи, бадеи ва г. дошта муносибати нодуруст кунад, бо талаби ташкилотхои дахлдор суд метавонад онро ба хисоби моликияти давлати гузаронад.

Мувофики Кодекси граждании РСС Точикистон, сарват, бори талабкарданашуда, чизхои бо почта фиристодае, ки мухлати нигахдориашон гузаштааст, бозёфти талабкарданашуда ва г. Молу мулки бесохиб дониста шуда, моликияти давлати хисоб мешаванд (мод. 150 КГ РСС Точикистон).

Молу мулки зану шавхар — ашё ва чизу чораи дар давраи зиндагии якчоя гун кардаашон моликияти умумии якчояи онхост. Дар сохиби намудан, истифода ва ихтиёрдори кардани Молу мулк зану шавхар хукуки баробар доранд. Дар вакти таксими Молу мулки умуми хиссаи онхо баробар аст. Дар баъзе мавридхо суд манфиати фарзандони ноболиг, зан ё шавхарро ба назар гирифта метавонад ба коидаи баробар таксим кардани хиссаи зану шавхар риоя накунад. Молу мулки то акди никох ба зану шавхар тааллукдор, инчунин Молу мулки дар давраи никох хамчун бахшиш ё мерос гирифта моликияти хар кадоме аз онхост (мод. 21—22 КНО РСС Точикистон) Сохибмулк хак дорад Молу мулкро ба ивази музди муайян ба истифодабарии муваккати дихад (мод. 273 КГ РСС Точикистон).

У. Чумъаев.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.