Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОЛИБДЕН

МОЛИБДЕН

molibdenМОЛИБДЕН (лот. Molybdaenum), Мо, элементи химиявии гурухи VI системаи даврии Менделеев; разами ат. 42, массаи ат. 95,94. Соли 1778 химики швед К. Шеелс кашф ва соли1782 дигар химики швед П. Гьельм аз Мо03 хосил кардааст. Молибден элементи нодир буда, 1,1 * 10—4% массаи кишри Заминро ташкил медихад. Дар табиат 7 изотопи собити массаи атомашон 92, 94—98 ва 100-и М. маълум аст. Аз 15 минерали маълуми он мухимтаринаш повеллит СаМоО*, вульфенит РЬМо04, молибдат Fe2(Mo04)3. пН20 мебошанд.

Молибден металли хокистарранги душворгудоз буда, t гуд. 2620 ± 10° С, t чуш. кариб 4800° С ва зичиаш 10200 кг/м3 (20° С) аст. Дар харорати 600° С то МоОэ оксид мешавад; дар 700° С бо буш об ба реакция рафта, MQ02 хосил мекунад. Дар шароити муътадил Молибден бо фтор ва хангоми тафсонидан бо хлор, бугхои сулфур, нитроген, карбон ва дигар нометаллхо пайваст мешавад. Молибден дар кислотаи нитрат, шахшароб, пероксиди гидроген ва дар харорати 80—100° С дар кислотахои гидрогенхлорид ва сулфат нагз хал мешавад. Молибден дар пайвастхои химиявиаш 6, 5, 4, 3 ва 2-валента аст. Сеоксиди М. (МоОэ) кислотахои содда (моногидрат Н2МоО«, дигидрат Н2МоО Н20), изополикислотахо (Н2М0уО24, H^M06O2H ва г.) хосил менамояд. Намакхои кислотахои соддаи Молибден молибдатхо ва намакхои изополикислотахои он полимолибдатхо ном доранд. Аз галогсипдхо ва окенгалогенидхои Молибден MoF6, MqCIs бештар ахамиятноканд. Молибден ва хулаю пайвастхои онро дар саноат аз концентратхои стандартии молибдендор хосил мекунанд. Молибден барои хосил намудани пулодхои легиронидашуда, дар электротохянка, техникаи авиациони, кайхони ва ядрои, як катор пайвастхои он дар истехсоли лок ва рангхо (мас. ЩгМоО*), масолехи молидани (MOSa) микронурихо ва г. истифода мешавад. Дар растанихо Молибден биосинтези кислотахои нуклеат ва сафедаро метезонад ва боиси афзудани хлорофилл ва витаминхо мегардад; аз норасоии он растанихо ба касали дучор мешаванд. Микдори барзиёди Молибден дар организми одам мубодилаи моддаро вайрон карда, боиси пайдо шудани бемории инрис мегардад.

Ад.: 3еликман А. Н., Молибден, М., 1070; Биологическая роль молибдена. М.. 1072.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …