Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОЛХОНА

МОЛХОНА

МОЛХОНА, бино барои чорво. Дар Молхона асосан чорвои калони шохдорро баста ё набаста парвариш мекунанд. Молхонае, ки дар он чорвои калони шохдорро баста парвариш мекунанд, 2 (расм), 4 ва 6-катора мешавад. Дар Молхонаи 2-катори огилро катор сохта, бо рохравхои барашон 1,5-метра ба секцияхо чудо мекунанд (расм, в). Аз рохрави миёна, ки бараш 1,5 м аст (расм, б), ба охурхо емухошок андохта, аз ду рохравхои канор (бараш 1,2 м) пору мекашонанд (расм, в). Дар Молхонаи 4-катора 2 рохрави ему хошоккашони ва 3 рохрави порубарори месозанд. Молхонаи 6-катора 3 катор огил, 3 рохи ему хошоккашони ва 4 рохи порубарори дорад. Дар хар як огили Молхона асбобу анчоми чорвобанди, oxуp ва обхура мавчуд аст. Хачми Молхонахо вобаста ба махсулнокию зоти чорво гуногун (бараш 1—1,2 м ва баландиаш 1,7—2 м) мешавад. Молхона барои нигох доштани ему хошок, асбобу анчом, камерахои шамолдихи, барои кормандон ва г. бинохои иловаги дорад. Дар назди Молхона блоки шир сохта мешавад, ки дар он лаборатория, чойхои ширчамъкуни, зарфшуи, вакуум-насос, дегхона ва г. мавчуд аст. Барои вабаста парвариш кардани чорво Молхона чор тарафаш руст ё нимкушод (дар намуди айвон) месозанд. Дар районхое, ки харорати хаво аз —20° С васт намешавад, асосан Молхонаи нимкушод сохта мешавад. Ин Молхонахо бо панчарахои чуб, тахта ё одати муваккатан ба секцияхо чудо карда мешавад. Дар хар як сенция то 60 cap гов чой мегирад. Барои бо механизмхо баровардани пору, кашонидани ему хошок дар мобайни секцияхо рох месозанд. Дар Молхонаи хочагихои шири барои хар як модагов 4—5 м ва дар хочагихои гуштистехсодкуни барои дар як модагов (бо гусолааш) 7 м чой чудо мекунанд. Дар назди Молхона бинохои говчуши сохта, онро бо асбобу анчомхои ширчуши таъмин мекунанд.

 

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.