Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОЛЕКУЛА

МОЛЕКУЛА

molekulaМОЛЕКУЛА (аз лот. moles — масса), заррачаи хурдтарини модда, ки шомили хосияти химиявии он мебошад. Молекула аз атомхои якхела (дар моддахои содда) ва гуногун (дар моддахои мураккаб) иборат аст. шумораи атомхо дар Молекула гуногун буда, аз 2 (мас., дар 02) то якчанд хазор (мас., дар сафедахо, полимерхо ва г.) мешавад; Молекулаи газхои инерти якатомаанд. Таркиби сифати ва микдории Молекуларо бо формулаи химиявии модда, тартиби бандхои атомхо ва мохияти валенти онро бо формулаи структури ифода менамоянд. Шакл ва андозаи Молекула ба дарозии бандхои байни атомхо ва кунчи байни онхо (кунчхои валенти) вобаста аст. Андозаи Молекула 10-10—10—7 м, энергияи банди атохо дар Молекула 107—10* ч/кмоль мешавад. Мафхуми Молекуларо якумин бор дар асри 17 Гасенди ба химия дохил карда бошад хам, дар асри 18 М. В. Ломоносов ба мафхуми Молекула («корпускула») мазмуни сахех дода, дар асоси он як катор ходисахоро маънидод кард. Конуниятхои асосии сохти Молекула дар натичаи тадкикоти реакцияхои химияви, синтезу тахлили пайвастхои химияви ва истифода бурдани як катор усулхои физики муайян карда шудааст. Яке аз характеристикии мухими Молекула эпергияи ба атомхо диссоциация шудани oн мебошад. Ин энергия ба энергияе, ки хангоми аз атомхо хосилшавии Молекула чудо мешавад, баробар аст. Энергияи байни атомхо дар Молекула устувории пайвастхо, кобилияти ба реакция дохил шудани моддахо ва самти табаддулоти химиявии онхоро муайян мекунад. Поляризация, моменти диполи ва моменты магнитии Молекула хосияти электри ва магнитии онро ифода менамояд. Молекула бефосила дар харакат аст. Дар баробар» харакати пешраванда ва даврзанандаи Молукула харакати дохилии он (лаппиши ядрои атомхо, тагийри холати электронхо) низ ба амал меояд. Хамаи ин харакатхо дар асоси конуни механикаи кванти ба вучуд меоянд. Хангоми аз як холати кванти ба холати дигарн кванти гузаштани Молекула як квант энергия хорич ё фуру бурда мешавад. Мачмуи ин гуна гузаришхо спектрхои молекулавиро муайян мекунанд. Мафхуми Молекула, омузиши сохт ва хосияти он дар химия, физика ва биология ахамияти калон дорад. Ниг. низ Физикаи молекулави, Биологияи молекулави.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …