Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / МОЛДАВИИ

МОЛДАВИИ

moldovaМОЛДАВИИ, Республикаи Советии Социалисти (Республика Советии) Социалисти Мол­довеняска), Молдова.

Маълумоти умуми. 12 октябри 192-11 РАСС Молдавии дар хайати РССУ ва баъди ба СССР хамрох шуда ин Бес­сарабия 2 августи 1940 РСС Молддави таш­кил ёфт. Молдавии дар интихои Ч. Г-и кисми европоии СССР вокеъ гардидааст. Дар Г. бо Республикаи Социалистии Румыния, дар Шим. Ш. ва Ч. бо РССУ хамхудуд аст. Масохаташ 33,7 хазор км1. Ахолиаш 3995 хазор нафар (январ 1981). Республика ба 37 район таксим буда, 21 шахр, аз чумла 9 шахри тобеи республикави ва 44 птш дорад. Пойтахташ ш. Кишинёв (547 хазор ахоли, 1981).

Сохти давлати. РСС Молд. давлати умумихалки, республикаи советии социалистии иттифоки дар хайати СССР. Конституцияи чориашро Сес­сияи 8-уми гайринавбатии Совети Олии РСС Молд. 15 апрели 1978 кабул кардааст. Органи олии хокимият — Совети Олии республика, дар давраи байни сессияхо Президиум» Совети Оли. Органи олии ичроия ва амрдиханда — Совети Вазирони РСС Молд. Органхои хокимияти махалли Советхои депутатхои халкии райони, шахри, посёлкави ва кишлоки мебошанд.

Табиат. Терр. Молдавии хамвории теппадор. Баландтарин чои он дар кисми марказии республика вокеъ аст. Ба­ландии марказии Молдавии Кодра (429 м) ном дорад. Баландии назди Днестр кад-кади сохили Днестр тул кашидааст. Кисми шим. Молдавииро хамвории Шимоли Молдавия (250—300 м) ишгол кардааст; дар Ч. хамвории Чануби Молдавия вокеъ аст, ки тадричан ба пастии назди бахр Сиёх табдил меёбад. Замини Молдавии аз масолехи бинокори (охаксанг, гил, сангреза,  бур, гач, мергел, per, аз чумла реги шишабоб) бой аст. Конхои фосфорит, нефт, газ, бентопит ва г. низ хастанд. Иклимаш — муътадили конти­ненти. Харорати миёнаи июль дар Шим. 19,5 С ва дар Ч. 22е С, январ мувофикан — 5* С — 3° С. Боришоти солона дар Ч. 370—400 ва дар Шимол то 560 мм. Дарьёхо ба хавзаи бахри Сиёх мансубанд. Дарьёи калонтарин —Днестр (дар худуди Молдавии тулаш 657 км), шохобхои асосии он — Роут, Бык, Ботна. Дарьёи дуюми нисбатан калон — Прут бо шохобхояш: Чугур, Камен­ка, Ларга ва г. Кисми зиёди заминаш аз хелхои гуногуни сиёххок иборат (75% терр. Молдавии) аст; хокаш—сиёхтоб, хокистари, аллювиалию маргзори ва г. кариб 8% худуди Молдавии бешазор аст (булут, момроз, олаш, зайзафун, шунг ва г.). Дар водихои Днестр ва Прут бешахои сафедор, булут, бед ва г. низ хастанд. Олами хайвонот: оху, рубох, гург, гуроз, кашкалдок, бештар аз 70 намуди парранда, аз хояндахо юрмон, хаз ва г. дучор меоянд. Бо максади мухофизати ландшафти табиии кисми марказии Молдавия куруки «Код­ра» (2,7 хазор га) ташкил шуда­аст.

Ахоли. Ахолии асоси — молдавихо, инчунин украинхо, русхо, гагаузхо, яхудиён, булгорхо ва дигар халкхо зиндаги мекунанд. Ахолии Молдавии дар солхои Хокимияти Совети хеле афзуд. Молдавии аз руи зичии миёнаи ахоли (117, 2 нафар дар 1 км2, соли 1979) дар байни республикахои иттифоки чои аввалро ишгол менамояд. Шахрхои калон: Кишинёв, Тирасполь, Бель­цы, Бейдеры.

Очерки таърихи. Кадимтарин осори инсон дар худуди Молдавии ба давраи палсолити поён (бошишгохи дуруиторы, гори Выхватинцы ва г.) мансуб аст. Дар давраи палеолити боло кавмхо пайдо шуданд. Дар хамин давра ахоли бо шикору дехкони ва мохигири машгул буд. Дар хазорахои 4—3 то м. осори маданияти Триполье (холо дехахои Варваровка, Каракушани Кудна ва г.) бисьёр ёфт шудааст. Аз охири хазораи 2 то м. гузаштан ба давраи охан cap ме­шавад. Асрхои 4—3 то Молдавии дар худуди Молдавии кабилахои фракии гету дакхо зиндаги мекарданд. Дар асри 1 то м. байни гету дакхо давлати ибтидоии гуломдори — Дакия ташкил ёфт, ки онро соли 106 то м. римихо забт кар­данд. Аз хамин вакт процесси романикунонии ахолии мукими огоз ёфта, забони лотини нуфуз пайдо карда, асоси забонхои романии шарки, аз чумла забони молдави гардид. Терр. Молдавиии хозира ба Дакияи Рим дохил нашуда бошад хам, ахолии он зери таъсири маданияти Рим монда буд. Асрхои 6—7 славянхо сокини Балкан, Подунавия ва мавзеъхои байни д-хои Пруту Днестр шуда, дар пешравии хаёти иктисоди, сиёси ва этникии ахолии махалди роли калон бозиданд. Дар асрхои 12—14 дар чамъ­ияти валаххо ташаккули синфхои феодалон огоз ёфт, заминдорони ка­лон пайдо шуданд. Нохияхои водии д. Молдоваро дар нимаи 1 асри 14 чингизиён гирифтанд, ки онхоро феодалони вепгер аз кишвари худ ронда буданд. Дар миёнаи асри 13—нимаи аввали асри 14 Молдавии зери асорати мугулхо монд ва баъди ронда шудани онхо гирифтори зулми шохи Венгрия гардид. Соли 1359, дар натичаи бомуваффакият анчом ёфтани шуриши зидди Венгрия, князии мустакили феодалии Молдавии ташкил ёфта, дар як муддати кутох замини байни Карпату Днестрро ишгол на­муд. Молдавии соли 1456 бори нахуст ба Туркия хироч медод. Хоким Стефани III Кабир (1457—1504), ки бо князи бузурги Москва Ивани III Василье­вич иттифок баста буд, ба мукобили тачовузи туркхо кахрамонона мубориза бурд. Вале аввали асри 16 Молдавии комилан тобеи Туркия гардид. Дар асри 16 аксарияти дехконони озод ба крепостноихо денчинхо табдил ёфтанд. Бо амри хоким Василе Лупул (1646) крепостнойчиги пурра ба расмият дароварда шуд. Дехконон ба мукобили зулми феодалию асорати туркхо мубориза мебурдапд. Дар Молдавии баробари хуручхои интикомгирандагони халки — гайдукхо шуришхои дехконон ам (слхои 1490—92,1563,1581, 1671—72 ва г.) ба амал меомаданд. Молдавнхо барои ба мукобили истилогарони ачнаби мубориза бурдан бо      казакхои украин иттифок бастанд. Молдавихо дар муборизаи озодихохонаи халки украин бо сардории Богдан Хмельницкий иштирок карданд. Молдавии ба максади аз юги туркхо озод шудан борхо ба Москва мурочиат намуда, хохиш кард, ки он­ро ба раияи рус кабул кунад (солхои 1656, 1674, 1683 ва г.). Соли 1711 хоким Дмитрий Кантемир дар бораи ба раияи рус дохил шудани Молдавии бо Пётри I шартнома баст. Аммо дар натичаи юриши Прутин соли 1711 туркхо аз мамлакат ронда нашуданд. Баръакс, дар мамлакат режими фанарихо баркаpop гардид (ашрофони турк ва юнонихои бои махаллии аслан аз Фанари назди Кустантапия хоким таъин мешуданд). Дехконон дар натичаи афзудани вазни киёсии рентаи марказонидашуда (хамчун андоз дода мешуд) озодии шахси (соли 1749) ба даст оварданд. Вале онхо ба чойхои истикомати вобаста буданд ва андоз медоданд. Ахолии Молдавии дар симои Россия кувваи тавоноеро дид, ки кишварашро аз хукми Туркия озод карда метавонад. Аз ин ру, дар чангхои асри 18 ва аввали асри 19 байни Россияи) Туркия фаъолона иштирок кард. Хазорон ихтиёриёни Молдавии дар сафхои кушунхои рус чангиданд. Мувофики шартномаи Ясса соли 1791 кисми сохили чапи Днестрн Молдавии ба Россия гузашт ва мувофики сулхномаи соли 1812 Бухарест нохияхои байни дарёхои Прут ва Днестр аз юги туркхо озод гашта, ба сифати вилояти Бессара­бия (аз соли 1879 губерния) ба Россия дамрод карда шуд. Ин дамродшави дар такдири таърихии халки Молдавии таъ­сири бузурги прогрессиви гузошт. Суръати тараккиёти иктисодиёти мамлакат баланд шуд, маданияти пешкадами рус таъсири калон расонд; табакахои пешкадами чамъиятии Молдавии ба харакати революционии Россия хамрох шуданд. Соли 1897 шумораи ахоли аз 240 000 нафар, соли 1812 то 1935,5 хазор афзуд. Ба туфайли ислохоти дехконии солхои 1861—75 дар Бессарабия муносибатхои капи­талисти инкишоф ёфт. Вале дар кишвар саноат суст таракки мекард ва чун пешина хунармандию косиби афзалият дошт. Дар Молдавии харакати дехкнон авч гирифт. Танхо солхои 1870—71 такрибан 70 ошуби дехконон сар зада буд. Бе харакати чамъиятии Молдавии таъсири декабристхо хеле калон аст. Дар Кишинёв шуъбаи Чамъиятии чанубии декабристон амал мекард. Дар миёнаи солхои 70 аввлин махфилхои халкчиёи пайдо шуданд. Аз халкчиёни махалли И. Кодряну, Ф. Дениш, Д. Фруизо ва дигар махсулоти саноат нисбат ба соли 1913 хам хурда истодааст. Дарачаи некуахволии мехнаткашон баланд мегарданд. Миллати буржуазии молдав ташаккул ёфт. Охири асри 19—ибтидои асри 20 аввалин махфрилхои марксисти пайдо шуданд. Соли 1902 дар Кишинёв матбааи махфии г. «Искра» кор мекард. Солреволюцияи якуми рус дар кишвар митинг, намоиш, корпартоихои бисьёр cap заданд. Рохиоханчиёни Бндеры ба аломати хамраъйи декабрии соли 19905  Москва корпартои эълон карданд. Дар Кишинёв намоиши бисьёрхазорнафара ­ба амал омад, ки онро полиция тирборон кард. Ошубхои дехконон беш аз 170 дехаро фаро гирифтанд. Солхои Чанги якуми чахони хачми махсулоти хочагии кишлок ва саноат кам шуд. Баъди Револютсияи буржуази-демократии февраль дар Бендеры, Тираспол, Кишивёв ва дигар шахрхои Молдавии Советхо ташкил ёфтанд. Аммо дар Советхо созишгарону миллатчиёни буржуази афзалият доштанд. Большевикони Молдавии, ки пештар (бо меньшевнкон) ба ташкилотхои муттахидаи РСДРП дохил буданд, сентябр— декабр 1917 дар Кишинёв, Бендеры, Тирасполь, Унгены ва Бричаны ташкилотхои мустакили большевики барпо карданд. Ноябр— декабри 1917 дар бисьёр шахру дехахо Хокимияти Совети пойдор гардид. Рохбарони контрреволюционии «Сфатул цария» («Шурои мамлакат») барои ба мукобили Хокимияти Совети мубориза бурдан аз давлатхои Гapб, ки Бессарабияро дар интервенцияи эиддисовети истехком мепиндоштанд, авч гирифт. мадад пурсиданд. Декабри 1918 кушунхои Румынияи подшохи бо ёрии Антаита ба Бессарабия зада даромаанд. Вале, сарфи назар аз ин, 1(14) январи 1918 дар Кишинёв Хокимияти            Совети баркарор гашт. Ибтидои январи 1918 Хокимияти Совети дар тамоми кишвар галаба кард. Ддр мубориза бахри галабаи Советхо дар М. Е. М. Венедиктов, Я. Д. Мелешин, Г. И. Котовский, Ф. Я. Левеизон, А. Г. Паладий ва дигар хеле хизмат карданд. Румынияи подшохи тачовузи зидди советиро ривоч дода, миёнаи марти 1918 тамоми Бессарабияро ишгол намуд ва эътирози Хукумати Совети ва ахолии махаллиро ба инобат нагирифта, онро зуран ба терр. Худ районхои сохили рости республика Молдовии дар хайати РССУ ташкилоти хамрох кард. Феврали 1920 районхои сохили чапи Днестри Молдовия аз гвардиячиёни сафеди аксулинкилоби озод карда шуданд. Бессарабия зери хукмронии Румынияи буржуази монд. 12 октябр дар рафти ба амал татбикшавии лени илми дар сохили чапи Днестр РАСС Молдавии ташкил гардид. Дар панчсолахои пеш аз чанг чихозонида шуда, корхонахои нав комат рост карданд. Соли 1940 хачми махсулоти саноат нисбат ба соли 1913 33 маротиба афзуд. Дар республика револютсияи маъдани ба амал омада, процеси ташаккулёбии миллати сотсиалистии Молдав сар шуд. Дар айни хол ахолии Бессарабия зери зулми ичтимои ва милли буд. соли 1935 бештар аз ¼ кисми корхонахои калони саноати расман баста шуданд. Вазъияти хочагии кишлок бадтар мешуд. Мехнаткашони Бессарабия зери рохбарии коммунистон ба мукобили истилогарон собиткадамона мубориза бурданд. Шуришхои Бендеры (соли 1919) Хотинъ 1919 Татарбунары (1924) ба ин шаходат медихад. Дар кишвар коммунистон пинхони амал мекарданд. СССР барои озодии Бессарабия, инчунин ба Ватани Совети мутттахид намудани он мунтазам ва собиткадамона мубориза мебурд. Хукумати Совети дар нотаи худ (аз 26 июни 1940) аз Румыния талаб намуд, ки Бессарабияи забтшударо ба СССР баргадонад. Румыния ин талабро ичро кард. 28 июни 1940 Бессарабия озод карда шуд. Дар Хокимияти Совети баркарор гардид. Сессияи хафтуми Совети Олиии СССР дар бораи ташкили СССР Молдавии конун кабул кард, ки мувофики он 6 узви Бессарабия ба хайати РСС Молдавия дохил шуданд. Феврали соли 1946 Совети Олии РСС Молдавии Конститутсияи РСС Молавииро кабул кард. Молдовиро дар ибтидои Чанги Бузурги Ватанаи кушунхои немису румын ишгол карданд. фашистони немису румын хокимияти помешикону капиталистиро баркарор намуданд. Дар худуди ишголгардида Харакати халкии Мукобилат авч гирифт. Кисмхои партизании молдавихо дар худуди Украина ва соли 1944 дар Молавии ба амал карданд. садхо хазор нафар молдавихо дар сафхои Армияи Совети чангиданд: 85 хазор нафар бо ордену медалхо мукофотонида шуданд, ба 16 кас номи Кахрамони Иттифоки Совети дода шуд. Тамоми республика августи 1944 озод гардид. Фашистон дар солхои истило беш аз 64 хазор нафар ахолиро куштанд: 47 хазор нафарро зуран ба Германия бурданд, зиёда аз 1000 корхонаи саноати кариб нисфи хонахои истикоматирол хароб карданд. Бо ёрии бародаронаи хамаи республикахои совети хочагии халки Молавии аз нав баркарор карда шуд. То оихири соли 1950 дар районхои сохили рости республика коллективонии хочагии халк асосан ба охир расид. Солхои 50-60 дар Молдавии баробари тараккиёти саноати хуроквори сохахои нави индустрияи социалисти (мошинсози, асбобсози, энергетика, ва г) барпо гпрдиданд. Дар натичаи индустриякунонии сотсиалисти кафомонии иктисодии Молдавии бархам хурд. Синфи коргар ба камол расид. Агар соли 1970 шумораи он 675 хазорнафар расид. Фарки байни шахру дехот то рафт бархам хурда истодааст. Дарачаи накуахволии мехнаткашон баланд мегардад. Факат соли 1978 дар шахру дехот 1396 м манзилгох ба истифода дода шуд. Сохтмони мадани бомуваффакият давом дорад. Дар миёнаи солхои 50 бнсаводи махв гардид.дарачаи маълумоти умумии ахоли баланд шуд. Соли тахсили 1978-79ба хар 10, 000 ахоли 125 студентони мактабхои оли 151 хонандагони мактабхои миёнаи махсус рост меомад. Дар Молдавии АФ РСС Молдавии мактабхои олию театрхои нав ва г ташкил ва кушода шуданд. Ташкилотхои партияви доир ба тарбияи коммунистии оммаи васеи мехнаткашон кори зиёдеро анчом медиханд. Маданияти шаклаи миллию мазмуни сотсиалистии халки Молдав бомуваффакият инкишоф меёбад. Дар рафти сохтмони сотсиалисти ташаккули миллати сотсиалистии молдав ба охир расид. Рнспублика, ки бо ордени Ленин (1958). Револютсияи октябр (1974) Дустии Халкхо (1972) мукофотонида шудааст.

Партияи коммунисти, комсомол, иттифокхои касаба. Аввали махфилхои гуруххои сотсиал-демократдар Молдавии охири асри 19 аввали асри 20 пайдо шуданд. Дар Кишинёв соли 1902 Комитети РСДРПташкил гардид. Дар тарбияи револютсионии коргарони Молдавии ва таъсиси ташкилотхои с.- д. бадаргашудагони сиёсии Петербург ва дигар марказхои пролетари, инчунин аввалин дар Руссия матбаааи пинхонии газетаи ленинии «Искра» дар Кишинёф, к ибо ташаббус ва зери рохбарии В. И. Ленин барпо шуда буд, роли мухим бозиданд. Болшевикони Молдавии дар давраи револютсияи якуми солхои 1905-1907 ба муборизаи мехнаткашони кишвар ба мукобили мутлакият сарвари намуда, иттифоки чанговаронаи синфи коргару дехконро мустахкам мекарданд, дар байни солдатхо кори револютсиони мебурданд. Болшевикони Молдавии баъди сарнагун кардани мутлакият барои дар кишвар пойдор намудани Хокимияти Совети ва пеш кардани тачовузкорони румы, мубориза бурданд. Феврали 1919 ташкилотхои коммунисти Бессарабия дар ташкилоти РКП (б) Бессарабия муттахид карда шуданд, ки баъдтар (соли 1922) муваккатан ба хайати Партияи Коммунистии Румыния дохил гардиданд. Октябри 1924 баробари ташкили РАСС, Молдовии дар хайати РССУ ташкилоти партиявии вилоятии Молдавии таъсис карда шуд. КМ ВКП (б) 14 августи 1940 баъди аз юги тачовузкорони Румыния озод гардидани Бессарабия ва ташкил ёфтани РСС Молдавии ташкилоти партиявии вилоятии Молдавииро ба ПК (б) Молдавии табдил дод. ПК (б) Молдавии аз рузхои аввали Чанги Бузурги Ватани муборизаи мехнаткашони респуб­ликаро ба мукобили фашистони истилогар ташкил намуд. Хазорон коммунистони Молдавии ба армияи амалкунанда, полки коммунистии Кишинёв, батальонхои киркунанда ва фидоиёни халки сафарбар шуданд. Дар акибгохи душман харакати партизани ва пинхонкории ватаниарвари авч гирифта, маркази пинхонкории партиявии республикави ташкил карда шуд. ПК (б) Молдавии дар давраи баъди чанг муборизаи халки молдавро бахри баркарор кардани хочагии халк индустрикунони, тараккиёти минбаъдаи иктисодиёт ва маданияти республика ташкил намуд. Аввалин ташкилотхои революционии чавонони Молдавии дар давраи тайёрии Револютсияи Кабири Социалистии Октябрь пайдо ва соли 1918 ташкилотхои Иттифоки коммунистии чавонон таъсис шуданд. Комсомоли республика дар хамаи даврахои муборизаи мукобили душманони Хокимияти Совети барои сохтмони осоиштаи социализм ба ПК Молдавии фаъолона ёрдам кард. Хазорон комсомолон баробари cap шудани Чанги Бузур­ги Ватани ба фронт рафтанд. Он­хо дар худуди ишголшудаи респуб­лика пинхонкорона ва дар сафхои дастахои партизани ба мукобили истилогарони немису румын кахрамонона мубориза бурданд. Дар солхои панчсолахои баъди чанг ком­сомоли Молдавии дар баркарор намудан ва минбаъд таракки додани хочагии халк ва маданияти республика фаъ­олона иштирок кард. ЛКСМ Молдавии бо ордени Байраки Сурхи Мехнат мукофотонида шудааст (1975).

Харакати иттифокхои касаба охири асри 19 — ибтидои асри 20 ривоч ёфт. Дар солхои Револютсияи 1905—07 хеле авч гирифт.

Соли  1925 Совети вилояти ва соли 1948 Со­вети республикавии иттифокхои ка­саба интихоб карда шуд.

1 январи 1980 ПК Молдавия 150349 аъзо, ЛКСМ Молд. 564012 ва Иттифокхои касабаи Молдавия 1936925 аъзо дошт.

Хочагии халк. Молдавия дар солхои Хо­кимияти Совети аз нохияи хочагии кишлоки кафомонда ва саноаташ суст тараккикарда, ки дорои корхонахои хурди нимкосиби буд, ба республикаи аг­рарию индустриалии сохиби саноа­ти калони социалисти ва хочагии кишлоки пешкадами сермахсул табдил ёфт. Молдавия дар таксимоти умумииттифокии мехнат яке аз районхои мухими то­ку богдори, парвариши мева, чуворимакка, офтобпараст, лаблабуи канд, сабзавот, тамоку, растанихои равгани эфирдор, истехсоли шароб, консерв, равгани растани, шакар, равгани эфир мебошад. Дар солхои Хокимияти Совети Молдавия ба республи­каи серсохаи саноати табдил ёфт. Баробари тараккиёти сохахои саноа­ти хуроквори, сохахои электроэнер­гетика, мошинсози, асбобсози, элект­ротехника, химия, цемент, бофандаги, консерв ва дигар сохахои саноат ба вучуд омаданд. Соли 1980 стансияхои электри 15585 млн кВт с кувваи электр истехсол карданд. Саноати хуроквори — coхaи асосии саноат. Сохахои истехсолкунандаи вино, консерв, шакар, равган, тамоку, равгани эфир- таракки кардаанд. Виною коньяки Молдавия дар конкурсхои байналхалки бештар аз 100 медаль гирифтанд. Саноати пуриктидори консерв барпо шудааст, ки зиёда аз 100 номгуи консерви мева ва сабзавот ис­техсол мекунад. Саноати мошинсози ва коркарди металл, трактор, мошинхои хисоббарори, насосххи марказгурез, яхдон, мошинхои чомашуи, мухаррикхои электри, мошин­хои хочагии кишлок аппаратхои электрии пастшиддат, трансформаторхо, маснуоти кабели ва г. истехсол мекунанд. Кор­хонахои саноати химия: комбинати чарми сунъи ва маснуоти резинию техники, заводхои химиявию биохимияви, таъмири шина, локу ранг ва г. мавчуданд. Саноати масолехи бинокори (комбинати цементу шифер, заводи газ, корхонахои маснуоти охану бетон, шиша, мебел) хам таракки кардааст. Корхонахои саноати сабук шохи ва матоъхои пахтагин, трикотаж, матои пашмин, пойафзол, колин ва г. истехсол мекунанд. Xочагии кишлок дар асо­си концентрация ва махсусгардони дар заминаи кооперацияи байнихочаги ва интеграцияи аграрию саноати, барпо намудани корхонахои махсусгардонидашудаи байнихочаги ва аграрию саноати, иттиходияхои истехсоли ва илмию истехсоли ру ба тараккист. Аввали соли 1978 хочагии кишлоки Молдавия 7,1 хазор трактор, 3,3 хазор комбайни галладарав, 3,4 хазор автомобили боркаш гирифт. Саршумори чорво (ба хисо­би хазор cap, 1980): гов —1175,0 (аз чумла модагов — 434,6); хук—1969,1, гусфанду буз —1176,2. Дарозии рохи охан —1,11 хазор км; роххои автомобилгард — 32,1 хазор км.

Нигахдории тандурусти. Соли 1978 ба хар 1000 нафар ахоли 20,1 таваллуд ва 9,8 фавт рост меомад. Касалихои варача, шилпук,, пол помелит бархам хурданд. Соли 1978 дар М олдавия 339 муассисаи табобатии дорои 42,0 хазор кат (116,6 кат ба 10.000 ахоли) мавчуд буд. Ба ахоли 513 муассисаи амбула­торию поликлиники ёрии тибби расонданд. Соли 1978 дар республика 221 консултацияхои занона ва поликлиникаи бачагона кор мекард, станцияхои эпидемпологии санитари ва г. буд. Соли 1978 дар муассисахои табобатию пешгирии касалихо 11,6 хазор нафар духтур ва 35,3 хазор коркуни тиббии дорои маълумоти миёнаи махсус хизмат мекарданд. Кадрхо дар Институти тиббии Кишинёв ва 7 омузишгохи тибби тайёр карда мешаванд.

3 институти тадкикоти илми (онкология, сил, гигиена ва эпидемиология) кор мекард. Соли 1978 дар М олдавия 13 санатория буд.

Маорифи халк, муассисахои илми ва мадани. Соли тахсили 1914/15 дар худуди хозираи Молдавия 1314 мактаби маълумоти умуми буд. Дар мактабхои ибтидои факат 20% бачагони синни мактаби тахсил мекарданд. Барои фарзандони коргарону дехконон мактаби миёна дастнорас буд. Баъди Револютсияи Кабири Социалистии Октябрь барои халки молдав рохи васеи инкишофи мадани кушода шуд. Таълим ба забони модари авч гирифт. Дар РАСС Молдавия масъалаи маълумоти умумии хафтсола то соли 1938 асосан хал гар­дид. Аммо вазъият дар Бессарабияи Румынияи подшохи тамоман дигар буд. Дар ин чо аксарияти бачахо тахсил намекарданд ва 85% ахоли бесавод буд. Таълим ба забони мода­ри манъ карда шуда буд. Соли тахсили 1940/41, баъди ба СССР хамрох шудани Бессарабия ва ташкил шуда­ни РСС Молдавия дар республика 1864 мактаб, 22 мактаби миёнаи махсус, 6 мактаби оли кор мекард. Истилогарон дар давраи Чанги Бузурги Ватани бештар аз 600 мактабро вайрон карданд ва сузонданд, тачхизоти мактабхоро горат намуданд. Баъди аз юри фашистон озод гаштани Молдавия аз нав баркарор кардан ва сохтани мактабхо авч гирифт. Бесаводии ахо­лии калонсол солхои 50 бархам хурд. Молдавия соли 1975 1641 муассисаи томактаби дошт, ки дар онхо 168,1 хазор нафар, дар 1018 муассисаи мавсимии томактабии дехахо 87,3 хазор нафар бачагон тарбия мегирифтанд. Соли тахсили 19781/79 дар 1,9 хазор мактаби маълумоти умуми 0,7 млн талаба тахсил мекард; дар республика гузариш ба таълими умумии миёнаи пурра ба анчом расид. Дар 8 мактаби оли соли тахсили 1978/79 49,2 хазор донишчуй ва дар 49 мактаби миёнаи махсус 59, 7 хазор талаба тахсил мекард. Шумораи коркунони илмии Молдавия соли 1978 зиёда аз 8 хазор нафар буд (0,3 хазор доктор ва 3,3 хазор номзади илм). АФ РСС Молдавия маркази рохбарикунандаи илм аст, ки соли 1961 ташкил ёф­тааст. Дар охири соли 1978 дар Молдавия 2 хазор китобхонаи оммави (фонди умумиаш 22,5 млн китобу журнал) мавчуд буд, ки калонтаринашон инхоанд: Китобхонаи давлатии РСС Молдавия ба номи Н. К. Крупская, китобхонаи АФ РСС Молдавия ва Университети Кишинёв; 41 музей, аз чумла Музеи давлатии таърихи-кишваршиносии РСС Молд., Музеи таърихи Партияи Коммунис­тии М., Музеи давлатии бадеии РСС Молдавия, Музеи республикавии ёдгории Г. И. Котовскии ва С. Лазо, Хона-музеи А. С. Пушкин ва г.; соли 1978 дар М. 1,9 хазор клуб буд.

Матбуот, радиошунавони ва телевизион. Дар Молдавия (соли 1978) 163 номгуй газета нашр мешуд, ки шумораи якрузаи онхо 1954 хазор нусха, аз чумла ба забони молдави 70 газета мебаромад, ки шумораи якрузаашон 1197 хазор нусхаро ташкил медихад. Газхои республикаи молдави инхоанд: «Молдова сотсиалисти» («Молдавияи социалисти», аз соли 1924), «Вя­ца сатулуй» («Хаёти дехот», аз 1945), «Тинеримя Молдовой» («Чавонони Молдавия», аз 1928), «Тынэрул ле­нинист» («Ленинчии чавон», аз 1941); чунин нашрияхо ба забони руси мебароянд: «Советская Молда­вия» («Молдавияи совети», аз 1925), «Молодежь Молдавии» («Чавонони Молдавия», аз 1940), «Юный левинец» («Ленинчии чавон», аз 1941) ва г. Журналхои оммави-сиёси, бадеи, илми, техники, хачви ва г. низ чоп мешаванд. Дар Кишинёв Агентии информационии РСС Молдавия мавчуд аст. Нахустин радиошунавони соли 1930 дар Тирасполь cap шуда буд. Барномахои телевизион аз соли 1958 инчониб намоиш дода меша­ванд.

Адабиёт. Адабиёти хатти дар зами­наи эчодиёти бои даханакии халк: вазми мавсимию маросими («Плугушорул»), афсона, достонхои кахрамони («Аждахо», «Баходур Груя Грозован» «Кодряну»); ривоят, сурудхои лирики-дойнахо ва г. ташаккул ёфтааст. Достони «Миорица» асари барчастаи назми лирикию эпикии халки молдав мебошад. Аввалин осори хатти дар Молдавия асри 10 дар тахрири Молдавии забони калисои-славяни, ки он то асри 17 забони расми ба хисоб мерафт, пайдо шудаанд. Адабиёти динию таърихи («Хаёти авлиё Иоанни Нав», вазъхои Гр. Цамблак, солномахои бемуаллиф) ба ин забон офарида шудааст. Аввалин китоби чопии молдави «Казания» (шархи Инчил) соли 1643 чоп шуд, ки муаллифаш митрополит Варлаам буд. Дар асри 17 солноманависхои барчастаи молдав Григорий Уреке, Мирон Кос­тин, Ион Некулче асархои худро таълиф намуданд. Дар инкишофи маданияти ватании асрхои 17—18 Ни­колай Милеску (Спафарии), ки солхои 1675—78 сардори сафоратхонаи Россияи подшохи дар Литой буда, китобхои «Сафарнома», «Тасвироти Хи­той» ва г. аз таълифоти уст, сахми калон гузоштааст. Олими комуснигор, нависандаи инсонпарвар ва арбоби намоёни давлатии Молдавия ва Рос­сия Дмитрий Кантемир (падари шоири рус А. Д. Кантемир) ходими барчастаи маданияту адабиёти асри 18 Молдавия буд. Зулму истибдоди 300-солаи туркхо (асрхои 15—18) ба инкишофи маданияту адабиёти хоси молдав халал расонд. Соли 1812 ба Россия хамрох шудани Бессарабия ба тараккиёти иктисодию мадании кишвар мусоидат кард. Пахн шудани гояхои революционии декабристхо, ба Кишинёв омадани А. С. Пушкин (солхои 1821— 24) ба инкишофи адабиёти молдав низ таъсири самарабахш гузошт. Сахми А. Хыждеу, К. Стамати, Г. Асаки, А. Доиич ва дигар дар тараккёти адабиёти нимаи аввали асри 19 молдав хело калон аст. Шеърхои ичтимоию мазхакахои хачвии В. Александр»!, назми реалистонаи К. Негруцци, рисолахои публицистию бадеи-танкидии А. Руссо, М. Когэлничану, асархои таърихи ва филологии Б. П. Хашдеу ва дигар ганчинаи адабиёти классикии асри 19 молдавро ташкил доданд. Эчодиёти намояндаи бузурги романтизми баъдинаи Европа М. Эминеску муваффакияти барчастаи адабиёти асри 19 молдав ва румын ба хисоб меравад. Дар охири асри 19 ва аввали асри 20 нависандагон В. Крэсеску, 3. Ралли- Арборе ва дигар асархои худро офариданд. Шоирон А. Матеевич, Т. Роман дар бораи такдири халк, асархо навиштаанд. Хаёт ва эчодиёти дахана­кии халки молдав ба

Горький, В. Короленко, М. Коцюбинский ва дигар нависандагоне, ки дар Молдавия буданд илхоми эчоди бахшиданд. Револютсияи Кабири Социалистии Октябрь барои инкишофи мада­нияти миллии хамаи халкхои ватани мо, аз чумла халки молдав, шароити мусоиди иктисоди ва ичтимоиро мухаиё кард.

Дар солхои пеш аз чанг бисьёр шеъру достонхои Е. Буков ва Н. Лупан чоп шуданд. Дар солхои чанг адибони Молдавия ярок, ба даст гирифта, зидди фашистон чангиданд, халкро ба муборизаи зидди душман ташвику таргиб карданд. Очерку маколаву ашъори Буков, Истру, Лупан, Менюк дар ин солхо аа мавзуи хифзи Ватан моломол буд. Пас аз чанг достонхои калони Буков —«Андриеш» (1946) ва «Кишвари ман» (1947); Н. Лупан — «Дехаи гумном» (1940) ва «Рубару» (1945) ва бисёр дигар асархои Истру, Менюк, Деляну ва Крученюк чоп шу­данд. Дар солхои 60—70 низ дар ада­биёти Молдавия хеле пешрафту комёбихо ба даст омад—романи Чобану «Купрукхо», романи Друцэ «Достонхои дашт», мачмуаи ашъори Буков «Имрузу фардо», ашъори Лупан «Конуни мехмоннавози» ва г. чоп шуданд. Соли 1979 ба муносибати 70-солагиаш ба Ем. Бу­ков номи Кахрамони Мехнати Соци­алисти дода шуд. Соли 1974 романи В. Малева «Синни нукра», романхои В. Бешлягэ «Игнат ва Анна», «Дард», Д. Машковский «Тирамохи кабутаро­ни сафед», мачмуаи ашъори Е. Буков «Вусъатя» Б. Истру «Достонхо», В. Фи­лип «Диапазон», А. Рошка «Хамрохи туям, кишвари тусон» ва г. чоп шу­данд. Аз адабиёти Молдавия ба забони точики соли 1960 шеъри Е. Буков «Парторг» (ж. Садои Шарк, № 4, мутарчим М. Шералиев) ва соли 1962 «Афсонахои халки молдав» баромадааст, ки тарчумони он X. Рахматуллоев мебошад.

Меъмори ва санъати тасвири. Дар худуди Молдавия ёдгорихои мадании Тринолье (хазораи 3 — ибтидои хазораи 2 то м.) ва Черняхов (асрхои 2—4 м.)— инчунин кабилахои славян (асри 6 м.) ёфт шудаанд. Аз нимаи асри 14 сохтмони шахрхои калъаю работдор расм мешавад. Чои истехкомхои похсагину тахтагинро истехкомхои сангин мегиранд. Дар асри 16 дар шахрхои Сорокию Бендеры ва Каушаны дайру истехкомхои манорахояш баланду мустахкам сохта мешаванд. Бокимондаи калъахои асрхои 14—15, хаммом ва дигар иморатхои граждан» дар Старый Орхей ёфт шудаанд. Холо дар Сахарнаю Жабка дайрхои горни асрхои 16—17 боки мондаанд. Дар давраи хукмронии туркхо (асрхои 15—18) бисьёр ёдгорихои меъмории Молдавия хароб шу­данд. Баъди ба Россия хамрох шуда­ни Бессарабия (1812) шахрхо таракки карданд ва бинохо бо сабки клас­сицизм сохта шуда (калисои чомеъ дар Кишинёв, солхои 1830—35, меъмор А. И. Мельников), работхои яккабатаи бордор кашиданд. Иморатхои охири асри 19 — аввали асри 20 боки мондаанд. Баъди Револютсияи Кабири Социалистии Октябрь шахрхои РАСС Молдавия обод гардиданд (ансамбли меъмори дар Тирасполь, бинохои театри драма ва институти пе­дагоги).

Ёдгорихои санъати тасвирие, ки дар худуди Молдавия ёфтаанд, ба палеолити сони ва неолит мансубанд. Асбобхои сафолини Триполье пурнакшунигор буданд. Ороиши фулузи, мучассамахои гилин ва биринчи ба хазораи 2 то м. мансубанд. Халкахо, даспонахои тиллою нукра ба ибтидои хазораи 1 м. тааллук доранд. Ба санъати накшунигори амалии асрхои 13—14 таъсири Византия ва Шарки мусулмон мушохида мешавад. Дастнависхои асрхои 15—16 накшу нигори зиёд доранд. Дар минётурхои асри 17 бетакаллуфии сабки он ба назар мерасад. Дар калисои Успение (ш. Каушаны) накшунигори асри 18 бонд мондааст. Колинхои асрхои 18—19 рангоранганд. Дар асри 19 жанри портреткаши ривоч ёфт. Соли 1887 мактаби расмкаши (аз соли 1940 Омузишгохи республикавии рассоми) ташкил шуд. Дар давраи Чанги Бузурги Ватани дар мавзуи ватандусти асархо эчод карда шуданд. Мавзуи асосии санъати давраи баъдичангии Молдавияро дигаргунсозихои социалисти, таъри­хи гузаштаи он ва чахони маънавии инсон ташкил медоданд. Дар хайкалтароши асархои И. Дубнновский образхои шоиронаи дар васфи зан эчодкардаи К. С. Кобизева, дар рассоми асархои В. Г. Руссу-Чобану, М. Г. Греку, И. Д. Виеру, Г. В. Саинчук, расмхои таърихии Л. П. Гриторашенко, манзарахои маншии И. Д. Жуматий, пейзажхои А. А. Василь­ев, Э. Л. Романеску, М. П. Петрик; дар графика асархои И. Т. Богдеско, Б. Ю. Несведов, Г. Н. Врабие, расмхои хачвии Б. Н. Широкорад диккатчалбкунандаанд. Молдавия ИМ (1945) ва ИР (1945) дорад.

Мусики. Асоси мусикии халкии Молдавияро оханги хифтмакоми диатоники ташкил медихад. Суруди халки аксараи яковоза аст. Дойна жанри боштар ба мусикии вокали ва асбобхои халкии молдави хос мебошад. Макомхои раксии хора, сырба, молдавенеска, батута ва дигар хело зебо ва шуханд. Дар солхои Хокимияти Совети маданияти мусикии милло хеле пеш рафт. Капеллаи хории «Дойна» (1930), Театри драмаи мусики (1933), оркестри симфони (1935) ташкил шуданд. Дар Молдавия Театри опера ва балет, филармония (оркестри асбобхои халкии «Флуераш», ансамбли халкии ракси «Жок», ансамблхои «Мугурел», «Лэутары», «Зымбет» ва г.), ИВ, Институти санъат, 3 омузишгохи мусики, мактаб-интернати махсуси мусики, 50 мактаби мусикии бачагона кор мекунанд.

Театр. Унсурхои санъати театри дар расму русум ва бозихои кадимаи халки вучуд доштанд. Дар давраи феодализм гурухи созандагони дарборию оворагард бо намоишхои театри баромад мекарданд. Дар асоси анъанахои кадима театри халки инкишоф ёфт. Соли 1816 бо рохбарии маорифпарвар Г. Асаки якумин намоиши театри муосир ба забони молдави баргузор гардид. Драматургон В. Александр, К Негруцци, А. Руссо, М. Когэлннчану ва дигарон дар пойдор гардидани театри касбии молдав роли мухим бозидаанд. Баъди ба Россия хамрох шудани Бессарабия дар Кишинёв дастахои гуногун ба забонхои руси, украини, франсави ва г. баромад мекарданд. Баъди баркарор гардидани Хокимияти Совети санъати театрии Молдавихо равнак ёфт. Дар РАСС Молд. махфилхои драма хеле зиёд шуданд. Дар асоси онхо соли 1927 дар ш. Балта дастаи мусикии драма ташкил ёфт, ки баъдтар ба студияи драма табдил дода шуд (холо Театри академии драмаи мусикии ба номи А. С. Пушкин дар Кишинёв). Дар Молдавия Театри драмаи русии Кишинёв ба номи А. П. Чехов, Театри республикавии «Лучафэрул», Театри лухтаки «Ликурич», Театри драмаи ба номи

В. Александри дар Бельцы, Театри драмаи русии Тирасполь низ кор мекунанд. Институти санъатн ба номи Г. Муэическуи Кишинёв ва мактабхои олии Москва барои театрхои Молдавия кадрхо тайёр менамоянд.

Кино. Соли 1940 дар Кишинёв пункти доимии мухбири кино ташкил шуд, ки апрели 1952 ба студияи фильмхои хроники табдил ёфт (аз январи 1957 киностудияи «Молдовафильм»). Дар инкишофи санъати кинои молдав фиристодагони республикахои бародари С. Улицкая, Л. Проскуров, М. Израилев, В. Дербенев, В. Лысенкова ва дигарон сахми арзанда гузоштанд. Тахиягарону режиссёрхо Э. Лотяну,

В. Гажиу, В. Иовице, режиссёр, В. Паскару, оператордо В. Чуря, П. Балан. В. Калашников, В. Яковлев устодони намоёни кинои молдав мебошанд. Аз байни фильмхои истехсоли, киностудияи «Молдова-филм» «Атаман Кодр» (1958), «Мохи охирини тирамох» (1965, ду мукофоти байналхалки гирифтааст), «Ба котили айбдор мешаванд» (1969), «Лаутархо» (1971, чор мукофоти байналхалки гирифтааст), «Дмитрий Кантемир» (1973), «Руан дароз» (1974) ва г. аз чумлаи бехтарин фильмхо мебошанд. Студияи кинои «Молдова-фильм» дар сол 6 фильми бадеии пурраметраж ва бештар аз 50 фильми хуччати ва илми-оммави истехсол мекунад.

Харита дар сах. 480—481.

Ад.: История Молдавской ССР, т. 1—2, Кишинёв, 1965—68; История Молдавии. Десументы и материалы, т. 2—5, Кишинёв, 1957—69; Очерки истории Коммунистической партии Молдавии. Кишинев, 1968; Народное хозяйство Молдавской ССР, 1924—74 (Юбилейный стат. сборнни), Кишинёв 1975; История народного хозяйства молдавской ССР, Кишинёв, 1974; Этнография и искусство Молдавии, Кишинёв, 1972; Искусство, Молдавии, Кишинёв, 1974; Очерк истории молдавской советской литературы, М., 1963.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …