МОХИХУРАК (Phalacrocorax), як чинси паррандахои обиро гуянд, ки ба оилаи Steganopodcs мансуб аст. Дарозии танаш 55 —92 см. Болу параш сиёх. Кариб 30 намуди Мохихурак дар Европа, Америкаи Шимоли, Осиё, Африка, Австралия ва Зеландияи Нав пахн шудааст. Дар СССР ва дар Точикистон 2 намуди Мохихурак: Мохихураки калон (Ph. carbo; ниг. расм) ва Мохихураки хурд (Ph. pygmaeus) зиндаги мекунад. Мохихуракхо дар обанборхои сунъи ва табиии Точикистон туда-туда шуда зиндаги мекунанд. Шабро дар найзор ё болои харсангхо мегузаронанд. Гизои Мохихурак мохи мебошад.
Ад.; Абдусаломов И. А., Фауна Таджикской ССР, т. 19, ч. 1, Птицы, Д., 1971.