Маълумоти охирин

МОХИХО

mohihoМОХИХО, як гурухи хайвонхои мухрадори обиро гуянд, ки харорати баданашон тагйир ёфта меистад. Ба 2 синф чудо мешаванд: гирддахонхо ва мохихои асли.

Мохихои асли (Pisces) 7 зерсинфро дар бар мегиранд: акантодхо, артродирхо, Мохихои болдор (Мохихои кадимаи мурдарафта), лавхагалсамагихо, capбутунхо, духелнафаскашандахо, пуррадахонхо (баъзе намудхояшон мурдарафтаанд, намудхои дигарашон хануз хам хастанд). Умуман кариб 25 хазор намуди Мохихо маълуманд, ки аз онхо холо кариб 20 хазор намудашон зиндаги мекунанд. Дар худуди СССР кариб 1,4 хазор ва дар обанбору дарьёхои Точикистон 49 намуди Мохихо маскун шудаанд, ки ба 12 оила мансубанд. Дар хавзаи Сирдарё 33, дар хавзахои дарёхои Вахш 27, Кофарнихон 26, Панч 25 ва Зарафшон 14 намудашон зиндаги мекунад.

Мохихо скелети устухони ё тагояки, галсама, болхои шиноварии тахтапушти, анали ва думи (дар баъзе Мохихо болхои шиноварии чуфт ба узви ба предметхои гуногун часпанда табдил ёфтаанд) доранд. Бадани Мохихо тасмашакл, мормонанд, лунда, сузаншакл, лавхашакл буда, бо пулакча (баъзе намудашон пулакча надоранд, мас., лаккамохи) пушида шудааст. Дар аксари Мохихо хучайрахои пусти ё гадудии луобчудокунанда хеле инкишоф ёфтаанд. Ранги Мохихо гуногун буда, бештар ба мухити атроф хамранг мешавад. Дар Мохихо узвхои хиссиёт, ломиса, шунавои, босира, инчунин дарки чунбиши об хеле инкишоф ёфтаанд. Пуфаки шиноварии Мохихо чун узви гидростатики хизмат мекунад (дар баъзе Мохихо вай вазифаи нафаскаши, резонатор ва г-ро низ ичро мекунад). Андозаи Мохихо хеле гуногунанд. Мохии аз хама хурд Pandaka pygmaea (дарозиаш кариб 1 см) ва аз хама калон — наханги китшакл (Rhincodon ,tyrus; дарозиаш то 15 м) мебошад. Аксари Мохихо тухм мегузоранд; баъзе Мохихо зиндазо (мас., наханг, гудмохихои дандондор Da г.) мебошанд. Бордоршави одатан дар об ба вучуд меояд. Мохихо хайвони чудочинса буда, факат баъзе намудашон (мас., хормохии санги) хунсоянд. Баъзе Мохихо дар соли аввали ц-ёт, хелхои дигарашон бошад, дар синни 12—20 ба воя мерасаид. Ризои Мохихо планктон, соддатаринхо, харчангшаклхо ва г. мебошанд. Дар байни Мохихо Мохихои дарранда, паразит ва растанихур низ дучор мешаванд.

Тахмин мекунанд, ки Мохихои кадимаи мурдарафта дар давраи силур дар обхои ширин пайдо шудаанд. Аз давраи девон cap карда ба бахр гузаштаанд ва дар давраи табошир аз онхо аксарияти Мохихои хозира пайдо шудаанд.

Ахамияти Мохихо басо бузург аст. Гушт ва тухми бештари Мохихо чун махсулоти хуроки истифода мешавад; равгани чигар ва дигар узвхои дохилии Мохихо (мас., равганмохи) аз витамин бой аст. Бинобар ин онро барои муолича истифода мебаранд. Мохихо обанборхоро аз кирминаи магасхо (пахнкунандагони варана) ва растанихо тоза мекунанд. Мохихои майдаи зеборо дар аквариумхо барои ороиш парвариш мекунанд. Илми мохишиноси ихтиология ном дорад.

Тасвир дар сах- 512—513.

Ад.: Никольский Г. В., Рыбы Таджикистана. М.— Л, 1938; намой муалл., Экология рыб. М., 1974; Максунов В. А., Промысловые рыбы Таджикистана, Д., 1968; Абдусалямов И. А., Грищенко Б. В. ва диг.. Редкие и исчезающие животные Таджикистана.

Е. В. Григценко.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.