Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОХИХОИ ЗИНДАЗО

МОХИХОИ ЗИНДАЗО

mohihoi-zindazoМОХИХОИ ЗИНДАЗО, мохихоеро гуянд, ки тухм нагузошта бача мезоянд. Аксари нахангшаклхо (наханг, скатхо), баъзе мохихои устухондор (хормохии бахри, гулмохи ва г.) зиндазо мебошанд. Дар хамаи Мохихои зиндазо бордоршави дохили аст.

Мохихои зиндазо ду хел мешаванд: Мохихои зиндазо ва тухмзиндазо. Дар Мохихои зиндазо чанин дар тухмдон инкишоф меёбад. Ин процесс аз 2—3 хафта (мас., дар гулмохихо) то якчанд мох (мас., дар наханг) давом мекунад. Дар мохихои тухмзиндазо чанин дар тухм инкишоф меёбад. Аз Мохихои зиндазо дар аквариумхо баъзе намуди шохдорхо (ниг. низ гулмрхихои аквариуми) парвариш карда мешаванд. Дар кулу обанборхои Точикистон аз Мохихои зиндазо гамбузия (Gambusia offonis) зиндаги мекунад. Гамбузияро ба Точикистон соли 1936 барои махви кирминаи пашшаи варача оварда буданд. Дар давоми тобистон гамбузия 6 маротиба ва хар дафъа аз 10 то 100 бача мезояд. Пас аз як мох мохибача ба воя расида афзоиш мекунад.

Ад.: Максунов В. А., Промысловые рыбы Таджикистана, Д., 1968; 3ахидов Т. 3. ва диг.. Природа и животный мир Средней Азии, т. 2, Ташкент, 1971.

Е. В. Грищенко.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.