Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОХИДОРИ

МОХИДОРИ

mohiparvariМОХИДОРИ, мохипарвари, сохаи хочагии халк, ки бо парвариш, зиёд намудани захира ва бехтар кардани сифати мохи дар обанбор, кул, хавз ва г. машгул аст. Мохидори ду навъ: Мохидории обанборию хавзахои табии ва Мохидории хавзахои сунъи мешавад. Дар хавзахои табии (бахр, дарьё ва кул) аз сабаби номусоид шудани шароит (тагйири режим ва таркиби химиявии об) захираи мохи кам шуда, зарурати бо рохи сунъи зиёд кардани он ба миён омад. Мас., дар б. Арал дар натичаи бад шудани шароити афзоиш микдори мохии шикори торафт кам шуда истодааст. Инчунин дар резишгохи д.         Аму дар натичаи тагйир ёфтани режими об шароити сукунати мохихо бад шуда, мохии шикори хеле кам гаштааст. Барои пешгирии ин ахвол холати мелиоративии хавзахои обро бехтар намуда, бо рохи сунъи мохихоро афзоиш медиханд; шароити зарурии тухмгузории мохи ва парвариш ёфтани мохичаро мухайё мекунанд, чойхои тухмгузории мохихоро тоза карда, дар дарготхои дарё рохи мохигузар месозанд ва барои тухмгузории онхо чой тайёр мекунанд. Барои парвариши мохи обанборхоро ба кор мебаранд. Ба онхо навъхои нави мохиро оварда, ба шароити махал мутобик мекунонанд, ки ин яке аз вазифахои асосии Мохидори мебошад. Дар Точикистон дар кулу обанборхо (обанбори ГЭС-и Фарходу Кайроккум ва обанбори Норак) ва хавзхои махсус Мохидори мекунанд. Дар ш. Кайроккум хочагии тухми мохипарвари хаст, ки он загорамохи парвариш мекунад (соле 1,5—2 млн мохичаро ба обанбор cap медихад). Мохидории хавзи дар Точикистон соли 1942 oгoз ёфт. Хамон солхо навъи гулмохиро ба хавзхои мохипарварии пойтахт cap доданд. Соли 1950 гулмохи ва мохичахои онро ба питоминки мохии Вахш бурданд. Баъдтар хочагихои мохипарварии Чубаку Чилликул, заводи гулмохии Кофарнихон, хочагии тухми мохипарварии Кайроккум ташкил шуданд.

Мохидори хамчунин м асосхои биологии тадбирхои парвариши мохи (ба шароит мутобик кардан, ба вучуд овардани навъхои нав, бо усули сунъи зиёд намудани он ва г.) ва биотехникаи процессхои мохидори (инкубацияи тухми мохи ва г.-ро) меомузад. Мохидори дар мактабхои оли ва миёнаи хочагихои мохидори, факултеттхои зоотехникии институхои хочагии кишлок ва университетхо таълим дода мешавад. Дар Институти умумииттифокии тадкикоти илмии хочагии мохидории хавзи, Институти умумииттифокии тадкикоти илмии мохидори ва океанология, факултетхои зоотехникии мактабхои оли, университетхо ва дар Точикистон Институти зоология ва паразитологияи АФ РСС Точикистон ва хочагихои мохидори оид ба Мохидори корхои тадкикотию илми мебаранд. Тачрибаи Мохидории СССР ва мамлакатхои хоричи дар сахифахои журналхои илмию истехсоли «Рыбоводство и рыболовство», «Рыбное хозяйство», «Вопросы ихтиологии» ва г. инъикос карда мешаванд.

Ад.: Черфас Б. И., Рыбоводство в естественных водоёмах. М., 1956; Справочник рыбовода по искусственному разведению промысловых рыб, под рел. Н. И. Кожина, М., 1971; Мартышев Ф. Г., Прудовое рыбоводство/ М., 1973.

У. Чалилов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.