Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / МОГИЛЕВ

МОГИЛЕВ

mogilevМОГИЛЕВ, шахр, маркази маъму­рии вилояти Могилёви РССБ. Бандар дар дарёи Днепр. Узели рохи охан ва шоссе. Аэропорт дорад. Ахолиаш 290 хазор нафар (1979). Могилёв кариб ними махсулоти саноатии вилоятро медихад. Со­хахои асосии саноат: коркарди ме­талл ва мошинсози (заводхои автомо­били ба номи С. М. Киров, «Строммашина», ки барои саноати масолехи бинокори тачхизот мебарорад, «Электродвигатель», конструкцияхои металли, металлурги ва г.), химия (комбинатхои химия, нахи синтезии «Лавсан», заводи нахи сунъи), хуроквори (комбинатхои гушт, фабрикаи канноди, заводхои нон, консерв, равану панир ва г.) ва саноати сабук (фабрикахои дузандаги, трикотаж, лентабофи, пойафзол ва г.). Инчунин комбинатхои маснуоти силикати, масолехи бинокори, фабрикаи мебел ва 2 ТЭЦ дорад. Дар Могилёв институтхои мошинсози, техно­логи, педагоги. 9 мактаби миёнаи махсус, театри драма, музеи кишваршиноси мавчуданд.

Могилёв бори нахуст дар маъхазхои соли 1267 зикр ёфтааст. Дар давраи Чан­ги Бузурги Ватани мудофиаи шахр аз кушунхои фашистии немис 26 руз (аз 1 то 26 июли 1941) давом кард. Дар давоми кариб 3 соли ис­тилои фашистон дар Могилёв кариб 40 гурухи пинхонкор амал мекард. Шахрро 28 июни соли 1944 Армили Совети аз гитлерчиён озод намуд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …