Маълумоти охирин

МОГИЁН

mogiyonМОГИЁН, дарёест дар pайони Панчакенти вилояти Ленинобод, шохоби чапи д. Зарафшон. Аз Чануб ба Шимол ба масофаи 67 км тул кашидааст. Майдони хавзааш 1100 км2. Могиён аз нишебихои шимолии каторкухи Хисор cap шуда, каторкухи Зарафшон ва минтакаи васеи адирхоро бурида мегузарад. Аз резишгох 22 км болотар ба он аз тарафи рост д. Шинг хамрох мешавад. Манбаи оби дарьё пиряху барф. Сарфи солонаи об ба хисоби миёна 8,35 мэ/сон, зиёдтаринаш 92 мэ/сон. Давраи пуробии Могиён аз апрел то октябр. Аз дарьё панч канали ирригациони об мегирад, ки калонтаринаш канали Туксанкорез аст. Дехахои калони водии дарьё: Мошён, Гeзан, Филмандар, Чорбог ва Сучина.

Ю.  Усков.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …