Маълумоти охирин

MOГAP

mogarMOГAP, мохар (Setaria italica ssp. mocharium), гиёхи яксолаи хушадор. Баландиаш то 150 см; пояи рост; барги калон (дар хар поя 5— 16-то), хушагули тугшакл («султон») ва дони майдаи зард ё сиёх дорад. Асосан чун зироати хуроки чорво мекоранд. Могарро хануз 2700 сол то м. дар Осиёи Чанубию Шарки кишт мекарданд. Холо парвариши Могар дар нохияхои Кисми европоии СССР, Осиёи Миёна (аз чумла РСС Точикистон) ва Казокистону Заволжия расм шудааст. Зироати ба хушки тобовар аст. Могарро дар чукурии 1,5—3 см мекоранд. Меъёри кишт — 8—20 кг/га.

Тухми хангоми 10—12° С будани харорат неш мезанад. Даври нашъунамои Могар 9—120. руз. Истифодаи нури (N, Р20б ва 1\зО 45-килограмми) хошоки Могарро 10—15 ц/га зиёд мекунад. Могарзорро барои хошок дар огози хушабанди медараванд. Аз хар га 100—250 ц баргу пояи сабз, 25— 65 ц хошок ва 15—25 ц дон мегиранд. 100 кг хошоки М. 5,5—6,5 кг протеини хозим дошта, баробари 55 вохиди хурокист. Дони Могар низ 10,3% сафедаи хушхазм дорад ва назар ба бисьёр хушадорхо сергизотар буда, махсусан дар мургпарвари ахамияти калон дорад.

Ад.: Растениеводство, М., 1975.

А. А. Мадаминов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …