Маълумоти охирин

МОД

modМОД, вилояти таърихи, дертар подшохи дар нохияхои шим. гарбии кухсори Эрон. Бори аввал дар солномахои ошурии нимаи дуюми асри

9.то м. номбар шудааст. Хануз асрхои 9—8 то м. дар Мод унсурхои забони форси ба вучуд омада, минбаъд забони мустакил шуд. Эхтимол асрхои 9—8 то м. дар Мод давраи гузариш аз демократияи харби ба сохти ибтидоии гуломдори хукмрон буд; Модихо дар ин вакт бо Ошур, ки кисми худуди онро забт карда буд, мубориза мебурданд. Аз руи маълумоти маъхазхои ошури подшохии Мод солхои 70 асри 7 то м. пайдо шуда, Экбатан пойтахти он гардид. Дар ахди Киаксар (солхои 625/624—584 то м. хукм рондааст) Мод ба давлати бузурги Шарки Кадим табдил ёфт. Модихо дар муддати кутох Манаро забт карда, хамрохи Бобулистон давлати Ошурро торумор ва дигар худудхоро ишгол намуданд. Форсхо соли 5150/549 то 1C Модро забт ва ба давлати Хахоманишиён хамрох намуданд. Давлати мустакили Мод факат дар чоряки охири асри 4 то м. баркарор гардида, кисман худуди собик Модро дар чан. Озарбойчон ишгол мекард. Мод дар таърихи сиёси, иктисоди ва мадании атаика чои намоён дорад. Дар худуди Мод дину оини зардуштия пахн шуда буд. Авесто эхтимол асри 4 то м. дар Мод Хурд хамчун мачмуи конунхо шакл гирифта бошад. Як кисми мимодихо бо кабилахои махаллии Мод Хурд омехта шуда, дар ташаккули озарбойчонихо роли намоён бозидаанд.

Ад.: Дьяконов И. М..История Ми- дни от древиейшнж времен до конца IV в. до н.., М.— Л., 1958; Алиев И., История Мидии, Баку, I960.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.